Фавти чор нафар аз бемории пневмония

Фавти чор нафар аз бемории пневмония
Апрел 22
14:57 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, вақтҳои охир гирифторшавии шаҳрвандон ба  бемории пневмония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷ гирифта, боиси гирифтор ва фавти чанд нафар гардидааст. Бо мақсади чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки гирифторони бемории илтиҳоби шуш ва дигар бемориҳои роҳҳои нафаскаширо дар як марказ бистарӣ ва ба табобат фаро гирад. Айни замон ҳамаи ин беморон дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе “Якум Советский” бистарӣ мебошанд.

Бино ба иттилои Директори Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе Хуршед Рустамзода аз бегоҳии дирӯз то имрӯз, 22 апрел воқеан чор нафар бемор, ки синну солашон аз 60 то 73-соларо ташкил медод,  аз бемории пневмония фавтиданд.

Шахсони фавтида ду нафар сокини шаҳри Душанбе, як нафар сокини ноҳияи Варзоб ва як нафар сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Ин нафарон дар баробари бемории илтиҳоби шуш (пневмония), ҳамзамон бемории ишемикии дил, фишорбаландӣ, норасоии шадиди гурда, диабети қанди намуди 2 низ доштанд. Бояд гуфт, ки айни ҳол  дар ин марказ 114 нафар  дар муолиҷа  қарор доранд.

Хуршед Рустамзода, Директори Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе иброз намуд, ки айни ҳол вазъи саломатии се нафари дигар бемор дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Қаблан зимни як ҷаласаи ситоди вазорат Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуда буд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон, ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ”- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва нишондиҳандаи беморшавӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019  чунин мебошад:

бемории зуком  (грипп) 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмония) 12802 нафар, ОРВИ 350702 нафар, диққи нафас 1293 нафар ва домана 8 нафар.

Яъне, омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд  ҳангома сохт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла пневмания дар миқёси ҷумҳурӣ давоми соли 2015-1798 нафар, 2016-1811 нафар, 2017-1335 нафар,  2018-1067 нафар ва дар соли 2019-1031 нафар фавтидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ  баромада буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 319
  • 930
  • 902,713