Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Сентябр 28
15:39 2017

 

 

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” воқеъ дар  пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар форуми мазкур Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида  Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ча Сун До,  Президенти Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ_ТЭГУ» -и Ҷумҳурии Корея, намояндагони тадорукоти Форуми ҳамкории Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, намонядагони Ассотсиатсияи дӯстии  Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, намонядагони   Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва ходимони идораҳои мухталифи  Вазорати  тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ вохӯрии дуҷониба байни вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Президенти Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ_ТЭГУ» -и Ҷумҳурии Корея Ча Сун До сурат гирифт.

Дар вохурии мазкур  аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тандурустӣ изҳори қаноатманди карда шуда сипас дар анҷоми қабули Эъломияи Форум  ба имзо расонии Барномаи якҷояи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ-ТЭГУ»-и Ҷумҳурии Корея сурат гирифт.

Сипас дар чорабинии мазкур   вобаста ба  вазъи имрузаи соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон     ва Ҷумҳурии Корея гуфтушунид сурат гирифта   аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар самтҳои мухталиф аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зимни баромади хеш Насим Олимзода   ба имзо расонии Барномаи якҷояи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    ва Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ-ТЭГУ»-и Ҷумҳурии Кореяро дар густариши ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Насим Олимзода иброз намуд, ки; “баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки он соли 2017 дар шаҳри Сеул баргузор гардид,  боз як имконият барои рушди ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ду кишвар мегардад ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориро дар самтҳои мубодилаи таҷриба оид ба ворид намудани усулҳои нави табобати баландихтисоси тиббӣ, ҳамкорӣ дар самти иттилоот ва ахборот оид ба таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Корея дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои фарматсевтии Ҷумҳурии Корея ва дар самти  мубодилаи иттилоот оид ба вазъи эпидемиологии ду кишвар ба роҳ монад. Бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баимзорасонии “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Тэгу-и Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ” пешниҳод шуда, баимзорасии санади мазкур барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба  дар соҳаи тандурустӣ  бо Ҷумҳурии Корея  заминаи мустаҳкам мегузорад”.

Дар охири чорабинӣ намонядагони Ҷумҳурии Корея аз  усулҳои табобат ва техникаву таҷҳизоти тиббии Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  дидан намуда ба вазъи   хизматрасонии ин муассисаи тибби баҳои баланд доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 672
  • 1,242
  • 949,692