Рӯзҳои 17 ва 18 апрели соли равон бо ташаббуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои коронавирус миёни рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ баргузор карда шуд, ки ҳадафи он ба баланд бардоштани савияи дониши хабарнигорон вобаста ба пешгирии коронавирус ва чӣ гуна амал намудани онҳо дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур дар Тоҷикистон равона гардида буд.
Дар қисмати охири рӯзи дуюми семинар роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева иштирок намуда, оид ба вазъи сирояти коронавирус дар ҷаҳон суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла дар бораи ҳамкориҳои ТУТ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ташхису таъминоти муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо лавозимоти зарурии тиббӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ибрози назар намуд.
Галина Перфилева зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ намуда истодаанд.
Дар идомаи суҳбат Галина Перфилева ба саволҳои бешумори иштирокчиёни семинар-намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар, ки аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, посух гуфт.
Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева гуфт, ки онҳо ҳамарӯза бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич буда, ҳамзамон, пайваста дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дигар кишварҳо телеконфронсҳо баргузор менамоянд
Ӯ ҳамчунин дар бораи сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси сирояти коронавирус машғул аст, савияи дониши мутахассисони дар он фаъолияткунанда ва сифати ташхиси ин беморӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, иброз дошт, ки воқеан озмоишгоҳ ва дониши мутахассисони он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобӯ мебошад, зеро ин мутахассисон курсҳои махсуси омӯзиширо берун аз кишвар азхуд намуда, ҳар як ташхиси анҷомдодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440-тои он такрорӣ мебошанд.
Ҳамзамон, Галина Перфилева таъкид намуд, ки СУТ дар Тоҷикистон ба дақиқии ин ташхисҳо итминон дорад, зеро тестҳое, ки барои ин ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо низ мавриди амал қарор дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки тестҳо барои ташхиси коронавирус танҳо барои он нафароне гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ягон нишонаи ин беморӣ, ба монанди таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина, дарди гулӯ ва ғайра ба мушоҳида бирасад.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромад.
Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева дар идомаи суҳбат аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз дошт, ки ҳеҷ як кишвари олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд.
Номбурда ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди он ки дар ҳолати ба қайд гирифтани Covid-19 дар Тоҷикистон фаъолияти онҳо чӣ гуна сурат хоҳад гирифт, Галина Перфилева посух дод, ки дар ин ҳолат ТУТ ва шарикони рушд кӯмакҳои бештареро ба Тоҷикистон расонида, барои мубориза ва табобати ин беморӣ тадбирҳои дигареро амалӣ хоҳанд намуд.
Галина Перфилева, Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки дар ин давраи ҳассос танҳо маводҳоеро омода созанд, ки факту далелҳои воқеӣ дошта бошанд ва мардумро барои пешгирии сирояти коронавирус ҳидоят созанд.