Гуфтугӯи маҷозӣ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили ваксинаи “КоронаВак” ба Тоҷикистон

Гуфтугӯи маҷозӣ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили ваксинаи “КоронаВак” ба Тоҷикистон
Июл 14
13:59 2021

13 июли соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндаи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой барои баррасии як қатор масъалаҳо вобаста ба харидорӣ ва таҳвили навбатии вояҳои зарурии ваксинаи “КоронаВак” ба Тоҷикистон гуфтугӯи маҷозӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксина ба Тоҷикистон  суҳбат намуданд.

Дар натиҷа ба мувофиқа расида шуд, ки ҷониби ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба харидории ваксинаи мазкур  дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон лоиҳаи созишнома пешниҳод хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки маблағи вояҳои ваксинаи мазкур аз ҳисоби Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» дар доираи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пардохт карда мешавад.

Маблағи умумии ин Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) агентии харид интихоб шудааст, харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути  он идома дода мешавад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 708
  • 1,242
  • 949,728