“Густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи тандурустӣ”

“Густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи тандурустӣ”
Ноябр 12
13:08 2018

Имрўз 12 ноябри соли 2018 дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея дар бинои Вазорати тандурустӣ ва некўаҳволии Ҷумҳурии Корея вохўрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ва вазири тандурустӣ ва некўаҳволии Ҷумҳурии Корея Парк Неунгху баргузор гардид, ки дар рафти он самтҳои ҳамкории дуҷониба ба монанди коркарди гиёҳҳои шифобахш, тибби халқӣ, сохтмони корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли маводҳои доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳии чашм, ҷарроҳии асаб, дилу рагҳо, косметология, мубодилаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва гузаронидани давраҳои омўзишӣ (мастер класс) аз ҷониби олимони кореягӣ дар Тоҷикистон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некўаҳволии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб» ба имзо расид.

Бояд қайд намуд, ки санади мазкур қаблан аз ҷониби Корея дар асоси мувофиқаҳои бадастомада дар доираи «Форуми нуҳуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои  Осиёи Марказӣ» (моҳи ноябри соли 2015, ш. Сеул)  таҳия шуда, дар рафти вохўриҳои дуҷониба дар Форуми мазкур масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиб ва дар ин раванд баимзорасии «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некўаҳволии  Ҷумҳурии Корея»  мавриди баррасӣ  қарор гирифта буд.

Мақсад ва ҳадафи ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми мазкур ин эътирофи муносибатҳои дўстонаи байни  Тарафҳо  ва манфиатҳои умумӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб, ҷонибдорӣ барои ба роҳ мондани робитаҳо байни ҷамъиятҳои илмӣ ва тандурустии ҷамъиятии ду кишвар, бозомўзии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудан ва мубодилаи малака ҷиҳати дастовардҳои беҳтарини таҷрибаи тибби Корея  ҷиҳати созмон додани марказҳои солимгардонӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони беморхонаҳо, гузаронидани татқиқотҳои илмии муштарак ва коркарди технологиҳои нав дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Бо Ҷумҳурии Корея самтҳои ҳамкорӣ зиёданд ва барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди ҳамкориҳо чи дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷии  кишвар истифода барад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 349
  • 1,242
  • 949,369