Хадамот дар арафаи Иди Қурбон ба кӯдакони ятим кӯмак намуд

Хадамот дар арафаи Иди Қурбон ба кӯдакони ятим кӯмак намуд
Август 06
08:09 2019

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмиоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар арафаи Иди Қурбон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон маводҳои доруворию гигиенӣ дастрас намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба moh.tj хабар доданд, ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои хайриявӣ, аз қабили маводҳои доруворӣ, маводҳои гигиенӣ ба маблағи 6,5 ҳазор сомонӣ ба мактаб-интернати номурда супорида шуд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти сарраёсати мазкур дар арафаи ид ва ҷашнҳои миллию давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони соҳаи фармасевтии вилоят даст ба корҳои хайриявӣ зада, ба ниёзмандон кӯмакҳои гуногун мерасонанд. Масъулини сарраёсат кушиш мекунанд, ки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти кишварро сармашқи кори худ қарор дода, кӯмаки хешро ба ниёзмандон дареғ  намедоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 683
  • 1,242
  • 949,703