Хатлон: Боздиди Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тиббӣ

Хатлон: Боздиди Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тиббӣ
Декабр 18
10:12 2020

Аз 17 то 19 декабр  сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон ҷараён мегирад.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара боздид намуданд.

Қоҳир Расулзода  ҷиҳати босифат ва мувофиқи талаботи меъморӣ бунёд кардани бинои шуъбаи мазкуро ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

Бино ба гуфти масъулин, фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» мебошад. Беморхона дар як баст метавонад то 500 беморро қабул намояд.

Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода корҳои сохтмониро дар Коллеҷи тиббии байниноҳиявии ҷамоати шаҳраки мазкур назорат карда, барои мувофиқ ба талаботи сохтмонӣ бунёд шудани он дастур дод. Бинои мазкур сеошёна буда, дорои 14 синфхона ва 6 озмоишгоҳ аст, ки барои 250 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732