Хатлон: Рафти иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат таҳлил ва баррасӣ гардид

Хатлон: Рафти иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат таҳлил ва баррасӣ гардид
Март 09
15:16 2021

Дар толори Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии кории Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Миралӣ Раҷабзода, сардори шӯъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон Шаҳбоз Ниёзӣ, намояндаи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳа ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ироа гардиданд, таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 677
  • 1,242
  • 949,697