Хатлон: Вобаста ба тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гардид

Хатлон: Вобаста ба тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гардид
Март 30
14:36 2024

Дар толори Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеа дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, зерсохторҳои он, роҳбарони  муассисаҳои тандурустии  шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур  ширкат карданд.

Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки   мақсад аз  ташкил  ва баргузории ҷаласаи мазкур-ин тарғибу ташвиқи  арзишҳои миллӣ, риояи фарҳанги либоспӯшиӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва  гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракаҳои экстремистию террористӣ мебошад.

Номбурда доир ба масъалаҳои мубрами замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм низ ибрози андеша намуда,  қайд кард, ки мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуби ҷомеа кори дастаҷамъонаро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ин миллат бояд бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад.

Чунин як  ҷаласаи корӣ ҳамзамон дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар низ бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва пешгирии терроризму экстремизм дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм эътироф шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 38
  • 989
  • 887,392