Хизматрасонии иҷтимоӣ беҳтар мегардад

Хизматрасонии иҷтимоӣ беҳтар мегардад
Январ 30
07:24 2020

Айни ҳол дар  миқёси ҷумҳурӣ 42 адад шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 790 кормандон давоми 12 моҳ ба 4286 нафар пиронсолону маъюбон ва 867 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дар маҷмӯъ ба 5153 нафар хизматҳои  иҷтимоӣ- маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати ҳарчӣ бештар расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, одамони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти  муайян  ва  шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар марказҳои минтақавӣ 72 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар мебаранд. Дар назди қисме аз ин марказҳо бахшҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал карда истодааст, ки  ба 733 нафар эҳтиёҷмандон бевосита дар хонаҳояшон хизмати иҷтимоӣ  мерасонанд.  Дар робита ба ин,  бояд зикр намуд, ки аз тарафи марказҳои минтақавӣ ба 300 нафар истифодабарандагони хизмат, ки ба хӯрок эҳтиёҷ доранд, аз 1 то 3 маротиба дар як рӯз ғизои гарм дода мешавад.

Барои беҳтар намудани  сатҳу сифат  ва  камхарҷ гардонидани хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40  адад марказҳои хизматрасонӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

Аз ҷумла 25 адад марказҳои будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки 324 нафар кормандони иҷтимоӣ ва мутахассисони  ин марказҳо ба 3150 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд хизматрасониҳои иҷтимоии маишӣ, тиббӣ, равонӣ, педагогӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд.

Мавриди зикр аст, ки дар марказҳои болозикр давоми 12 моҳ ба 112 нафар наврасони имконияташон маҳдуд касбҳои дӯзандагӣ ва кор бо компютер  таълим дода шуд, ки ҳоло ба шуғл машғуланд.

Айни  замон дар мамлакат 10 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта фаъолият намуда, 131 нафар кормандон ба 522 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 162 нафар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизмати иҷтимоӣ расониданд.

Инчунин, 2 маркази дигар барои шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ва қурбони савдои одамон гардида дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтару Кӯлоб фаъолияти пурсамар доранд, ки давоми 12 моҳи соли 2019 ба 494 нафар хизматҳои тавонбахшӣ ва равонӣ расонида, эҳтиёҷмандонро бо паногоҳи муваққатӣ таъмин намуданд.

Ҳамзамон, таҳти сарпарастӣ ва маблағгузории Агентӣ соли равон 1 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбони яккаву танҳо дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба фаъолият шурӯъ намуда, 35 нафар пиронсолонро ба хизматрасонӣ фаро гирифт.

Ҳамин тариқ, давоми 12 моҳи соли 2019 аз ҷониби шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ, муваққатӣ ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар ҷумҳурӣ ба 9525 нафар пиронсолону маъюбон ва шахсони имтиёздор ба 5114 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизмати  иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шуд.

Дар маҷмӯъ, аз хизматрасонии ин шабакаҳо 14 639 нафар ниёзмандон истифода намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 699
  • 1,242
  • 949,719