Хуршед Ҳабибзода: дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуд

Хуршед Ҳабибзода: дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуд
Феврал 10
13:50 2020

Дар миёни 236 нафар шаҳрванде, ки аввалҳои моҳи феврали соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаву дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ гардидаанд, сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ин бора Хуршед Ҳабибзода, сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ба moh.tj  иттилоъ дод.

Номбурда ҳамзамон қайд намуд, ки аз ин шумора 34 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Бино ба гуфти ӯ, айни замон бистаришудагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин буда, дар назар аст, ки онҳо 15 феврали соли равон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шаванд.

Қайд намудан ба маврид  аст, ки то имрӯз беш аз 700 нафар шаҳрванди аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Хушбахтона, то кунун дар миёни онҳо ягон ҳолати гирифторшавӣ ба сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат чораҳои пешгирикунандаро пурзӯр намуда, дар ин самт фаъолияти шабонарӯзӣ дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 698
  • 1,242
  • 949,718