Таи чанд рӯз аст, ки дар саросари мамлакат ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонидани қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки як муддати муайян дар онҳо беморони каронавируси нави КОВИД-19 табобат мегирифтанд, идома дорад.
Аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории каронавируси нави КОВИД-19 машғул буданд, ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар қисме аз муассисаҳои болозикр бо истифода аз маводҳои махсуси тиббӣ корҳои безараргардонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, дар қисми дигарашон корҳои безараргардонӣ идома доранд.
Ба иқрори мутахассисони соҳа, давоми рўзҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории КОВИД -19 то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 28 ва 30-юми майи соли равон ду муассисаи тандурустии шаҳри Ваҳдат, ки дар онҳо низ як муддати муайян беморони каронавируси нави КОВИД-19 ба муоинаву табобат фаро гирифта шуда буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории кираонавируси нави КОВИД-19 паси сар шудааст.