Имрӯз ба ифтихори зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ифтитоҳи Маркази таълимиву илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” сурат гирифт.
Дар расми ифтитоҳи Маркази таълимиву илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и Донишгоҳи мазкур Насим Олимзода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти идораҳои мухталифи ин ниҳод иштирок намуданд.
Насим Олимзода мавриди истифода қарор гирифтани Маркази таълимиву илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро туҳфаи арзандаи ҳукумати кишвар барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва муҳассилини Донишгоҳи тиббӣ бахшида ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» номид.
Насим Олимзода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар расми ифтитоҳи Маркази таълимиву илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон зикр намуд ки; “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонида, вазифаҳои муҳимро дар назди масъулон ва кормандони соҳа гузоштааст, ки ҳаллу фасли онҳо барои беҳтар гаштани сифату самаранокии хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунанд. Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи тиббӣ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис дода шуд, ки барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи дорусозӣ, ба ҳайси маводи доруворӣ истифода кардани ашёи хоми ватанӣ, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ –амалӣ дар ин соҳа пешбинӣ шудааст”.
Маврид ба таъкид аст, ки Марказ дорои ҳуҷраҳои барҳавои фитобар, коркардаи рустаниҳои шифоӣ, қадоқкунӣ (фасовка), таҳлили кимиёвии маводи доруворӣ, асептикӣ, истеҳсоли оби муқаттар, таҷҳизоти муосир ва ғайра мебошад.