Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе
Август 14
14:07 2018

14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯстро мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст моҳи апрели соли 2017 оғоз гардид.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст баҳои баланд доданд.

Беморхона аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, шуъбаҳои қабулгоҳи беморон, бемориҳои пӯсти калонсолон, бемориҳои пӯсти хурдсолон, ташхисгоҳ, физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад.

Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва иммунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудааст, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзишӣ, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.

Дар пойгоҳи беморхонаи мазкур кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибнӣ Сино фаъолият дошта, барои донишҷӯён дар ин ҷо шароити арзанда фароҳам мебошад.

Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеи намоён дошта, тавассути номгӯи васеи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.

Бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст бо системаи гармидиҳӣ, хати озод ва аз сӯхтор огоҳкунанда пайваст мебошад.

Шароити муҳайёгардида, аз ҷумла насби дастгоҳу таҷҳизоти нодири тиббӣ дар беморхонаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонӣ ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Дар саҳни бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, таббибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддасашон ҳидоят карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760