Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати афзалиятноки Ҳукумат аст

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати афзалиятноки Ҳукумат аст
Август 12
14:31 2020

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, инчунин соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст ва бомаром пеш меравад.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳад.

Хизматрасониҳои иҷтимоӣ

Тавре аз суҳбат бо директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода маълум гардид, айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии Агентӣ (3 хона-интернати беморони рӯҳӣ ва 4 хона-интернати пиронсолону маъюбон) 1190 нафар бошандагон: аз ҷумла, 665 нафар мард, 525 нафар зан, ки аз инҳо 101 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд, ба таъминоти давлатӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 265 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 565 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 12 нафар мебошанд. Тайи шаш моҳи аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ 53 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул гардида, 23 нафар фавтидаанд. Инчунин, 60 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида  шудаанд. Айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимии Агентӣ 18 нафар ятимони кул, 38 нафар нимятим ва 101 нафар аз оилаҳои камбизоат дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Дар баробари ин, 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки давоми 6 моҳ ба 5263 нафар истифодабарандагон хизматҳои  иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расонидаанд. Аз ин миён 4395 нафарро пиронсолону маъюбон ва 868 нафарро кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил менамояд. Ҳамчунин, 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолияти худро ба таври муназзам ба роҳ монда, дар давоми 6 моҳ онҳо ба 1493 нафар пиронсолону маъюбон ва 77 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонидаанд.

Ҷиҳати тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳоло 28 адад марказҳои будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 1368 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд хизматрасонӣ намудаанд. Ҳамзамон дар ин давра ба 25 нафар наврасони имконияташон маҳдуд касбҳои дӯзандагӣ ва кор бо компютер  таълим дода шуд.

Қобили тазаккур аст, ки 12 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ба 434 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 177 нафар шахсони дар ҳолати душворӣ зиндагӣ қарордошта хизматрасониҳои иҷтимоӣ  намудаанд.

Дар баробари ин, 2 маркази барои шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ва қурбони савдои одамон гардида дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар давоми 6 моҳ ба 148 нафар хизматҳои тавонбахшӣ ва равонӣ расонида, онҳоро бо паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин намудаанд.

Ҳамчунин, 2 маркази барои тавонбахшии (барқарорсозии) 21 рӯзаи кӯдакони имконияташон маҳдуд бо модаронашон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давоми шаш моҳ ба 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо модаронашон хизмати иҷтимоӣ расонидаанд.

Дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2020 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва  муваққатӣ дар ҷумҳурӣ 7277 нафар пиронсолону маъюбон ва 2870 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд ба хизмати  иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ фаро гирифта шуданд. Дар маҷмуъ, дар ин марҳила ба 10 155 нафар ниёзмандон хизматҳои иҷтимоӣ расонида шудаанд.

Кумакҳои хайрия

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ расондани кумакҳои хайриявӣ ба нафарони ниёзманд ва оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин паҳлуи масъала дар шаш моҳи аввали соли равон ба муассисаҳои будубоши доимии системаи Агентӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон аз ҷониби сарпарастон ба маблағи 220 887 сомонӣ, аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони саховатпеша, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 1 257 266,4 сомонӣ ва дар маҷмуъ, ба маблағи 1 478 153  сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ ворид гардидааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2019 – 472 103,4 сомонӣ)  1 006 049,6 сомонӣ зиёд мебошад.

Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Бояд тазаккур дод, ки шумораи гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ  давоми шаш моҳи соли 2020 бо назардошти гирандагони кумакпулии соли гузашта 100 861 нафар (оила) мебошад. Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар ин давра 16 080 200 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, бо назардошти хизматрасонии бонкӣ ва хароҷоти маъмурӣ маблағгузории кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 16 792 463, 20 сомонӣ мебошад.

Айни ҳол дар 38 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумакпулии яквақтаъина барои оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то сесола бо шумораи 17359 оила  дар ҳаҷми  8 679 500 сомонӣ  маблағгузорӣ  шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 14 майи соли 2020, таҳти №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он  аз 1 июли соли ҷорӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла иловатан дар 28 шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷорӣ карда шуд, ки 51 нафар кормандон ба ҳайси мутахасиссони коргузор оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба кор қабул гардидаанд. Дар ин моваро соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт 3 адад марказҳои минтақавии ҳамоҳангсози кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсис дода шуда, иловатан 28 нафар шаҳрвандон ба кор қабул гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Агентӣ 99 ҷойҳои нави кории  доимӣ ва муваққатӣ ташкил намудааст.

Махзани электронии маъюбон

Ҳамзамон, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию  хориҷии  ҷумҳурӣ” ва иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2020, таҳти №05 «Дар бораи бақайдгирии  пурраи маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”  дар доираи Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” Агентӣ махзани ягонаи электронии маъюбонро ташкил намуда, 148 793 нафар маъюбонро  ба махзани ягонаи  электронӣ ворид намуд.

Тавре дар рафти суҳбат Абдулҳаким Холзода изҳор дошт, дар робита ба таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилоти ҳалталаб ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати тагдурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад.

Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи иҷтимоии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи ҳифзи иҷтимоии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат ва самаранокии хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд” – иброз намуд директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода ва ҳамзамон афзуд, ки: “Тавре Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд: Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам ба ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд, пиронсолону маъюбон, шахсони яккаву танҳо, шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ҷабрдидагони  зӯроварӣ дар оила, қурбониёни савдои одамон ва оилаҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатӣ боз ҳам фаъолона саҳм хоҳад гузошт”.

Абдулҳаким Холзода бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин бо итминон иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, Агентӣ низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешрафти кори ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо дар оянда ҳам маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи иҷтимоии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи иҷтимоии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз сатҳи некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии миллат сарчашма мегирад, ки дар маҷмуъ, омили солимии миллат аст. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

М. Мақсадуллоҳ

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 697
  • 1,242
  • 949,717