Имрон Ҳайдар: шаҳрвандони Покистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳавасманд мебошанд

Имрон Ҳайдар: шаҳрвандони Покистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳавасманд мебошанд
Январ 13
08:28 2020

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Маҳмадшоҳ Гулзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти мулоқот ҷаноби Имрон Ҳайдар ҳавасмандии ҷониби Покистонро барои таҳсили шаҳрвандони ин кишвар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иброз намуда, ҳамзамон, қайд намуд, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони Покистон ҷиҳати таҳсил дар ин донишгоҳи олии тиббӣ сол аз сол меафзояд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор  Маҳмадшоҳ Гулзода зимни мулоқот иброз дошт, ки дар донишгоҳ солҳои охир барои таҳсил ва зисти шаҳрвандони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва аз соли таҳсили оянда донишгоҳ омода аст, ки як қисм шаҳрвандони ин кишварро ба таҳсилоти олии тиббӣ фаро гирад.

Суҳбат дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, тарафҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750