Иродаи қавӣ коронавирусро мағлуб мекунад!

Иродаи қавӣ коронавирусро мағлуб мекунад!
Май 21
13:49 2020

Барои мубориза бо бемории коронавируси нави КОВИД-19, ки имрӯз тамоми оламро фаро гирифтааст, ҳар шахс бояд иродаи қавӣ дошта бошад.

Падари илми тиб Абӯалӣ ибни Сино дар мавриди ба таҳлука афтодан чунин гуфтааст: «воҳима худаш ними касалӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ёфтан аст». Ин сухани пурҳикмат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки  барои бемор нашудан  ба воҳима дода  нашавем ва иродаи қавӣ дошта бошем.

Вобаста ба бемории коронавируси нави КОВИД-19, ки ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ  хабару овозаҳои зиёд ба нашр расида, боиси ба таҳлука афтодани мардум гардида истодаанд, бо равоншиноси кафедраи психиатрия ва наркалогияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Зебо Қодирова суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад:

Вобаста ба вазъи имрӯзаи сирояти коронавируси нави КОВИД-19, ки то андозае мардуми Тоҷикистонро ба таҳалука овардааст, аз ҷиҳати равонӣ ба мардум чӣ маслиҳат медиҳед?

-Воқеан ҳам яке аз ҳолатҳои вайроншавии асаби инсон ин тарс (стресс) мебошад, яъне асаб руҳан осеб мебинад. Ҳамзамон, бехобӣ ва заифшавии эҳсосот, зиёд истифода бурдани маводҳои психоактевӣ ва ё транкулизаторҳо низ ба ҳаргуна бемориҳо оварда мерасонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд дар тамоми ҳолатҳои зиндагӣ бо сабр ва хотирҷамъ бошад. Пеш аз ҳама ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва беасос дода нашавад.

Ҳар як шахс барои иродаи қавиро ба даст овардан нисбат ба ин беморӣ чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад?

-Барои иродаи қавиро ба даст овардан ва аз даст надодани он, ҳар як шахс бояд дар як рӯз 7-8  соат хоб намояд, чунки дар ҳолати хоб майнаи сари инсон истироҳат намуда, қобилияти фикронияш беҳтар мешавад. Дар баробари ин, ғизоҳои солим, аз ҷумла меваю сабзавот бештар истеъмол намояд, ба машқҳои варзишӣ машғул шавад, пайваста китоб мутолиа намояд.

Қавииродагӣ то кадом андоза метавонад  шахсро аз доми бемориҳо  раҳо бахшад?

 -Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки ҳолати руҳии одам аз шахсият фарқ мекунад, маънои шахсият ин иродаи қавӣ, фикру ақида ва нақшаҳои худро  доштан  аст. Агар 80 фоизи табобат аз иродаи шахс вобаста бошад,  пас 20 фоизи дигар  ба дорую дармон нисбат дода мешавад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳар як шахс кӯшиш кунад, ки иродаи қавии худро аз даст надиҳад.

Маълумотҳои воҳимаангезе, ки имрӯзҳо  дар сомонаҳои  интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба бемории коронавирус ба нашр мерасанд, то кадом андоза ба руҳу равони мардум  метавонанд таъсири манфӣ расонанд?

 -Қабл аз ҳама шаҳрвандонро лозим аст, ки ба хабарҳои беасоси шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд, чунки вақте шахс ба ҳаргуна хабарҳои бардурӯғ бовар мекунад, ӯ метавонад ба таҳдиди тарс (стресс) рӯ ба рӯ шавад ва ин ҳолат метавонад ба инсон бештар таъсири манфии худро расонад. Ҳангоме, ки ваҳму воҳима зиёд мешавад, бештари одамон чӣ гуна идора кардани худро аз даст медиҳанд,  Чанде қабл ба вуҷуд омадани чунин сару садоҳои бардурӯғ мардуми моро  водор кард, ки ба харидкунии зиёди молу маҳсулотҳои хӯрока даст зананд, ки чунин амалҳо ба иқтисоди оила зарари худро мерасонанд. Бояд донист, ҳар як маҳсулот муҳлати истеъмоли худро  дорад ва истеъмоли хӯрокҳои пастсифат аз бемории коронавирус  дида хатарноктар  мебошанд.

Аз сокинони кишвар хоҳиш мекунем, ки пеш аз ҳама хавотир набошанд. Ҳамзамон, як муддат робитаи худро бо  ёру шиносҳояшон тавассути телефонҳои мобилӣ ба роҳ монда, аз ҳоли якдигар бохабар бошанд. Агар ҳар шахс ба саломатияш аҳамияти ҷиддӣ диҳад,   бо ин роҳ метавонад наздикони худро низ аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.

Ташаккури зиёд барои суҳабти самимӣ ва тавсияҳои муфид.

 Рӯзноманигор

 Азизаи Саид

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 642
  • 1,242
  • 949,662