Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат чорабинии тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” роҳандозӣ гардида, дар доираи он сокинони манотиқи гуногуни кишвар ба хизматрасониҳои тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.
Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки он аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд татбиқ мешавад, чанде қабл ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шуд.
Нақлиётҳои махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд.
Бо истифода аз нақлиёти сайёри тиббӣ аллакай сокинони як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба хизматрасониҳои тиббии ройгон фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷумла санаи 18 октябри равон 10 нафар табибони соҳавии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд барои гузаронидани хизматрасонии тиббии баландихтисос ба шаҳрвандон ба шаҳри Исфара сафар намуданд.
Дар доираи «Корвони саломатӣ» табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ 150 нафар сокинонро ба таври ройгон муоина намуданд.