Исфара. Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус

Исфара. Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус
Август 26
08:17 2020

Дирӯз дар мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид.

Тавре аз дафтари матбуотии шаҳрдории Исфара хабар доданд, дар машварат ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси «Covid-19» дар шаҳру деҳоти Исфара баррасӣ шуд ва вобаста ба мавзӯъ гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён шунида шуд. Таъкид гардид, ки паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нав — COVID-19 масъалаи доғест, ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Муовини раиси шаҳр таъкид дошт, ки вазъияти мазкур аз ҳар кадоми мо-масъулини дахлдор, бахусус раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ҳушёрӣ, ҷасурӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, кумак ба нафарони бемор ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. Зеро мо имрӯз пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад дар мубориза ба ин вирус дастболо гардем. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро дар миёни сокинон ва меҳмонони шаҳр вусъат бахшем ва ба мардум фаҳмоне, ки ин ҳам тадбирҳо бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID – 19 амалӣ карда мешавад.

Ҳар як сокини шаҳр дарк кунад, ки зиндагии худро бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ба роҳ монад, ҳангоми аз хона ба берун баромадан аз ниқоб истифода барад ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — бозорҳо, марказҳои савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, масофаи иҷтимоиро риоя намояд.

То ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав сокинони шаҳру деҳотро зарур аст, ки аз гаштугузор ва сайругашт дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намуда, талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 693
  • 1,242
  • 949,713