Ишкошим: ба истифода додани ду Маркази саломатӣ

Ишкошим: ба истифода додани ду Маркази саломатӣ
Декабр 18
15:43 2019

Дар ҷараёни сафари кории муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду Маркази саломатӣ дар ноҳияи таҷрибавии Ишкошим, ки аз тарафи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шудаанд, мавриди истифода қарор  гирифтанд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои ба истифода додани марказҳои саломатии мазкур аз таваҷҷуҳи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, ба истифода додани иншоотҳои мазкурро самараи   таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ба соҳа арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар ВМКБ ба таври бесобиқа рушд намуда, дар ин давра дар вилоят беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншоотҳои тандурустии зиёд сохта ба истифода дода шуданд.

Яке аз чунин иншоотҳои замонавӣ дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим ба истифода дода шуд. Маркази саломатии деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, мебел, таҷҳизотҳои ғайритиббӣ ва генератори дизели ба маблағи 2 001 125 сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмониву васлкуни 16347000,46 сомонӣ,  таҷҳизоти тиббӣ 152653, 04 сомонӣ, мебел 106545,381 сомонӣ, занҷираи сард (холодовая цепь) 40566,00 сомонӣ ва генератори дизелӣ ( қувваи 12кВт) ва маҷмӯаи қисмҳои эхтиётӣ 66660,00 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази саломатии мазкур дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла,  ҳуҷраи хатна, ташхисгоҳ, эмгузарониву доругузаронӣ, табиби оилавӣ, бақайдгирӣ, ҳуҷраҳои момодоя, анбор, ду ҳоҷатхона ва бухорихона(котелня) иборат аст.

Ҳамзамон, дар ҳудуди иншооти мазкур хона барои нақлиёти санитарӣ, се анбор, ду ҳоҷатхона, манораи обфишор, ҳавзи оташхомӯшкунӣ, трансформатори барқӣ ва инсинератор барои сӯзондани партовҳои тиббӣ ҷойгир аст.

Маркази саломатии деҳоти Вранг ба маблағи 282 000 сомонӣ бо нақлиёти санитарии Foton CLW5039XJH-C5 ва  маҷмӯаи қисмҳои эҳтиётӣ таъмин карда шудааст.

Маркази саломатии деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими вилоят  бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, мебел, таҷҳизотҳои ғайритиббӣ ва генератори дизелӣ ба маблағи 1 871 813 сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмониву васлкунӣ 1505388, 56 сомонӣ , таҷҳизоти тиббӣ 152653, 04 сомонӣ, мебел 106545, 381 сомонӣ, занҷираи сард (холодовая цепь) 40566,00 сомонӣ ва генератори дизелӣ (қувваи 12 кВт ) ва маҷмӯаи қисмҳои эҳтиётӣ 66660,00 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои асоси иншооти мазкур дорои 11 ҳуҷра, ҳуҷраи хатна, ташхисгоҳ, эмгузарониву доругузаронӣ, табиби оилавӣ, бақайдгирӣ, ҳуҷраҳои момодоя, анбор, ду ҳоҷатхона ва бухорихона (котелная) иборат аст.

Дар ҳудуди иншоот хона барои нақлиёти санитарӣ, се анбор, ду ҳоҷатхона, манораи обфишор, ҳавзи оташхомӯғшкунӣ ва печка барои сӯзондани партовҳои тиббӣ ҷойгир аст.

Инчунин, Маркази саломатии деҳоти Зонг ба маблағи 282 000 сомонӣ  бо нақлиёти санитарии  Foton CLW5039XJH-C5 ва маҷмӯаи қисмҳои эҳтиётӣ таъмин  карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 967
  • 1,242
  • 949,987