Иштирок дар ҷаласаи онлайнӣ доир ба танзим даровардани гардиши маҳсулоти тамокугии ғайридудӣ

Иштирок дар ҷаласаи онлайнӣ доир ба танзим даровардани гардиши маҳсулоти тамокугии ғайридудӣ
Ноябр 30
17:47 2020

30 ноябри соли равон ҷиҳати ба танзим даровардани гардиши маҳсулоти тамокугии ғайридудӣ бо иштироки намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ ҷаласаи онлайнӣ доир гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иштирок намуд.

Дар ҷаласа иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мавриди назар  мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав қабул гардид, ки он асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

Қонуни мазкур фурӯш ва истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла, чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илмию таълимӣ, биноҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бинои осоишгоҳҳо, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 718
  • 1,242
  • 949,738