Иштирок дар видеоконфронс вобаста ба таҳлили вазъи бемории КОВИД-19 дар кишварҳои ИДМ

Иштирок дар видеоконфронс вобаста ба таҳлили вазъи бемории КОВИД-19 дар кишварҳои ИДМ
Июн 03
14:22 2020

Имрӯз, 3 июни соли равон миёни вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои коронавирус видеоконфронс доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷуҳмурии Тоҷикистон Саида Умарзода иштирок намуд.

Дар видеоконфронси мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок намуда, вобаста ба вазъи бемории КОВИД-19 дар мамлакатҳои хеш иттилоъ доданд.

Аз ҷумла муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода дар видеоконфронси мазкур баромад намуда, иброз дошт, ки то 2 июн  дар кишвар 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 (54%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Ҳамзамон, дар видеоконфронс ҷонибҳо вобаста ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории КОВИД-19 табодули афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 954
  • 1,242
  • 949,974