Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳои кишвар миёни аҳолӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Чунин як чорабинии фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Ҳисор дар “Маркази саломатии деҳот” ва як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри мазкур гузаронида шуд.
Дар рафти вохурӣ аз ҷониби мутахассисони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони “Маркази саломатии деҳот” ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки яке аз роҳҳои пешгирии бемории мазкур пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастон мебошад.
Аз масъулини муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои пешгирии бемории мазкурро дар муассисаҳои хеш ба таври қатъӣ риоя намоянд.