ҚИССАИ ДУ БАРОДАРИ ГИРИФТОРИ СИЛ. ЧӢ ГУНА ЯКЕ АЗ ИН БЕМОРӢ ФАВТИД ВА ДИГАРЕ ШИФО ЁФТ?!

ҚИССАИ ДУ БАРОДАРИ ГИРИФТОРИ СИЛ. ЧӢ ГУНА ЯКЕ АЗ ИН БЕМОРӢ ФАВТИД ВА ДИГАРЕ ШИФО ЁФТ?!
Март 23
10:27 2021

Бемории сил, ки яке аз бемориҳои сироятии паҳншудатарин ва марговартарин маҳсуб меёбад, дар даҳсолаи ахир ҷомеаи ҷаҳониро башиддат нигарон кардааст, зеро тибқи ҳисоботҳои расмӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 10 млн. нафар гирифтори ин беморӣ гашта, 1,5 млн. нафари онҳо мефавтанд.

Ҳарчанд ин беморӣ асрҳо дарди башарият мебошад, аммо барангезандаи он (микобактерияи сил) танҳо соли 1882 аз ҷониби олим Роберт Кох кашф гардид, ки ҳоло дар илми тиб бо номи “чӯбчамикроби Кох” маълум аст. Табиати зишти бемории сил ҳам ин аст, ки сари вақт дарёфту табобат нагардидани он натанҳо боиси фалокати як шахс, балки чун мушкили тиббию иҷтимоӣ, барои ҷомеа пайомадҳои сангине ба бор меорад.

Барои рӯшану возеҳтар матраҳ кардани мавзӯъ ин ҷо қиссаи аз бемории сил шифо ёфтани як тан ҷавонро меорем. Бино ба хоҳиши худи ӯ, ному насабашро зикр намекунем, аммо шартан Қосим меномем ва бояд гуфт, ки ӯ зодаи ноҳияи Фархор мебошад.

Қаҳрамони мо аз рӯзҳои аввали беморияш чунин қисса мекунад: -“Соли 2018 буд, ки як бародарам аз Русия ба Ватан баргашт. Мо дар як ҷо зиндагӣ мекардем. Пас аз тақрибан як моҳи бозгашти бародарам дар ман чандин нишонаҳои як бемории бароям номаълум пайдо гардид. Аз ҷумла, аломатҳои бемадорӣ, бехобӣ, гум кардани иштиҳо якбора дар ман пайдо шуда, маро ҳарчи бештар дар ташвиш мегузоштанд. Баъдан, ба табиб муроҷиат намуда, аз ташхис гузаштам. Табибон ба ман гуфтанд, ки ту гирифтори бемории сил шудаӣ, аммо бемории сили сабук, яъне сили шакли ҳассос. Ба гумони бештар шояд ин беморӣ аз бародарам, ки аз Русия бо беморӣ бозгашта буд, ба ман гузаштааст”.

Қосим мегӯяд, чун бемории сил барояш бегона буд, ҳеч тасаввур ҳам намекард, ки рӯзе ба ин беморӣ гирифор мешавад. Ӯ он рӯзеро, ки ташхис дар вуҷудаш бемории силро ошкор намуд, хеле пурандӯҳ ва бо нафаси пурдард ба ёд меорад. Қосим мегӯяд, ҳамон рӯзе, ки фаҳмид, гирифтори бемории сил шудааст, он рӯз барояш сахттарин, пурғамтарин, дардноктарин ва ноумедтарин рӯзи зиндагияш ба шумор меравад, зеро, ӯ мегӯяд, қабл аз гирифтор шуданаш ба ин беморӣ, аз забони мардум зиёд шунида буд, ки ҳар касе ба бемории сил гирифор мешавад, мефавтад. Қаҳрамони мо мегӯяд, дар даврони кӯдакӣ дар маҳалли худ хабари марги инсонҳоро дар пайи гирифтор шудан ба бемории сил хеле зиёд шунида буд, аз ин рӯ, нисбат ба ин беморӣ дар дил тарс ва ҳароси зиёд дошт. Ногаҳон гирифтор шудан ба ин беморӣ барои Қосим даҳшатовар буд.

Қосим мегӯяд, бар замми беморияш, ҳар як сухани пичингомези дӯстонаш ғаму дарди ӯро даҳчанд меафзуд. – “Вақте дар маҳаллаамон овоза шуд, ки ман бемори сил шудаам, дӯстонам дигар ҳатто ба ман наздик намешуданд. Ҳар гоҳ дар кӯча онҳоро медидам, аз ман мегурехтанд ва баръакс, ба ҳамдигар масхараомез мегуфтанд: – “Ба Қосим наздик нашав, ки тепурклёз мешавӣ” ва механдиданду масхара мекарданд.

Қосим афсӯс мехӯрад, ки агар шахс ҳазорҳо дӯст ҳам дошта бошад, вақте ба ин беморӣ гирифтор мешавад, бештари дӯстонаш аз ӯ рӯй мегардонанд. Номбурда аз таҷрибаи худ мегӯяд, ки дӯстони бешумораш ҳангоме фаҳмиданд, ки ӯ бемории сил аст, на танҳо ӯро дилбардорӣ накарданд, балки беморияшро ба сухани масхараи байни худ қарор доданд.

Дар ин давра муҳимтарин чизе, ки Қосим дар вуҷуди хеш дошт, ин умедвор будан ба он рӯзе буд, ки ҳатман шифо меёбад ва ба зиндагии муқаррарӣ бармегардад.

Он лаҳзаҳоро ба ёд оварда, Қосим мегӯяд, албатта сахт дарднок буд,  дилам аз зиндагӣ сард гашта буд, ҳаёт дар назарам бемаънову бемантиқ менамуд, вале, эҳсос мекардам, ки кадом як қуввае бо ман ҳаст. Як эҳсосе дар вуҷудам пайдо шуда буд, ки маро ба зиндагии фардо умедвор мекард: -“Ман дардамро аз қисмат медонистам ва таваккул бар Худо карда будам. Медонистам, ки ҳар чӣ дар тақдиру насиб ҳаст, инсон ҳамонро ҳатман мебинад. Бинобар ин, ба ҳамааш шукр намудам ва кӯшиш кардам, худамро аз даст надиҳам, яъне, бовариро аз даст надиҳам”.

Пас аз он, ки нишонаҳои бемории сил дар Қосим муайян гардид, ӯро дар Маркази бемории сили ноҳияи Фархор бистарӣ намуданд, ки дар ин ҷо 60 рӯз табобат гирифт. Ин давра моҳи марти соли 2018 буд. Дар зимн, бояд бигӯем, бародари Қосим, ки аз Русия баргашта буд, низ бо гирифторӣ ба бемории сил дар беморхона бистарӣ гардида буд.

Ҳангоми табобат гирифтан дар беморхона, Қосим шоҳиди ҳодисае шуд, ки назари ӯро нисбат ба бемории сил тамоман тағйир дод: -“Рӯзе дар саҳни беморхона нишаста будам, ки як шахси бемори силро бо носилка оварданд. Табибон гуфтанд, ки ҳолаташ хеле вазнин аст. Аммо, дар миёни ҳамагӣ 1 моҳ он мард солиму бардам ва бо табъи болида аз беморхона рафт. Ҳангоме он мард аз беморхона рухсат мешуд, табибе бо номи Расул ба наздам омаду гуфт: -“Қосимҷон, ин ҳамон мардест, ки бо носилка оварданд ва ҳолаш хеле вазнин буд, ин субҳ баъди машварат ӯро ба хонааш рухсат додем. Бинобар ин, зиқ нашав, ту низ ҳатман шифо меёбӣ ва рӯзе ҳатман бо табъи хушу рӯҳи болида аз беморхона ҷавоб мешавӣ”.

Ин ҳодиса воқеан ба рӯҳи Қосим таъсири мусбӣ расонид ва умеди ӯро барои аз бемории сил шифо ёфтан аз пештара бештар зиёд намуд. Аз ин пас Қосим бо дидаи хушбинӣ ба оянда нигоҳ мекард.

Қосим аз табибони Маркази сили ноҳияи Фархор ва хидматрасонии онҳо бо самимияту миннатдорӣ сухан мегӯяд: -“Табибон бо ман мисли бародар муносибат доштанд. Дар ин беморхона худро дар муҳити хона тасаввур мекардам, ки муносибати хуби табибон ин фазоро ба вуҷуд оварда буд”.

Қосим мегӯяд, ҳамроҳи ӯ ду ҷавони дигар аз бемории сил табобат мегирифтанд, ки ҳамеша аз табибон ва ҳатто беморони дигар, ки калонсолтар буданд, хеле зиёд суханҳои таскиндиҳанда мешуниданд. Ӯ мегӯяд, калонсолон моро ҳамвора дилбардорӣ менамуданд, ки ҳоло шумо ҷавон ҳастед, организматон боқувват аст, ҳатман аз ин беморӣ шифо меёбед. Шуморо ояндаи дурахшон мунтазир аст. Ин суханҳои таскиномез, мегӯяд Қосим, ба дарду ғами ӯ ва дигар ҷавонони ҳамроҳаш малҳам мешуданд ва умедашонро ба шифо ёфтан аз бемории сил боз ҳам зиёд мегардониданд.

Пас аз 60 рӯзи бистарӣ гардидан дар беморхона, Қосим ба хона рухсат шуд. Аммо, табобати ӯ ҳамоно дар хона идома дошт, ҳамин гуна истеъмоли доруҳо низ. Дар баробари Қосим, бародараш низ аз беморхона рухсат шудаву бояд табобаташро дар хона идома медод. Албатта, табибон қабл аз рухсат додани бародарон таъкид намуданд, ки доруҳояшонро бидуни танаффус истеъмол карда, аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва хӯрокҳои шӯру тез қатъан парҳез кунанд.

Мутаассифона, ба гуфтаи Қосим, бародараш оҳиста-оҳиста аз истеъмоли доруҳо даст кашида, баръакс ба майнӯшиву тарзи ҳаёти носолим рӯй овард, ба хоҳишу машварату насиҳати аҳли хонавода ва табибон гӯш надода, ба майлу хоҳиши худ рафтор мекард. Пайомади ин бепарвоӣ бо фоҷиаи ногаҳонӣ, бо марги бародари Қосим анҷом ёфт. Ӯ пас аз 1 соли гирифторшавӣ ба бемории сил дар синни 47-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Фавти ногаҳонии бародари Қосим ба рӯҳияи хонавода таъсири сахти равонӣ расонид, ки дигар аз вазъи саломатии Қосим сахт нигарон буданд. Метарсиданд, ки ӯро ҳам аз даст бидиҳанд. Қаҳрамони мо бо мушоҳидаи ин ҳама моҷаро ҳарчи мекӯшид, қоидаҳои табобатро пурратар риоя намояд, то мабодо ҳамтақдири бародараш нашавад. Ва албатта шӯълаяки гарме дар дил дошт, ки умедашро ба фардои бидуни сил бештар мекард.

Қосим, акнун ба дарки масали мардумии “эҳтиёт – ними ҳаёт” пай бурда буду рӯзгорашро мутобиқи ин ҳикмат пеш мебурд; таъиноти табибонро қатъан риоя мекард, ҳар он чӣ онҳо фармуда буданд, бе чунну чаро иҷро менамуд, доруҳояшро сари вақт истеъмол мекард ва ҳамаи ин талошу муборизаҳо буд, ки саранҷом аз бемории сил шифо ёфт.

Ин қиссаи ғамангез моро ҳушдор медиҳад, ки бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароити ташхису табобати бемории сил, ҳанӯз ҳам барои барҳам додани он дар кишвар талошамон нокифоя аст. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар кишвар воситаҳои ташхисии ҳозиразамон, аз қабили усулҳои молекулярии ташхис, томмографияи компютерӣ, рентгенграфияи рақамӣ ва ғайра дастрасанд, ки имкон медиҳанд, бемории сил сари вақт ва дар муҳлати кӯтоҳтарин дарёфт гардад ва хавфи паҳн гаштани сил пешгирӣ шавад. Инчунин воситаҳои ташхисӣ дар ҳар шаҳру ноҳияҳо насб гардида, ба аҳолӣ наздик гардонда шудаанд. Бояд зикр намуд, ки танҳо воситаи навтарини ташхиси молекулярии сил бо номи GeneXpert дар 45 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насб гардидааст, ки имкони дар 2 соат дарёфт намудани шакли сирояткунандаи сили шушро дорост ва ҳассосияти барангезандаи силро ба доруҳои асосӣ муайян менамояд.

Бар замми ин, дар доираи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони гирифтори бемории сил табобати зиддисилии ройгонро кафолат додааст. Аз соли 2002 ин ҷониб доруҳои зиддисилӣ барои тамоми шаклҳои бемории сил бефосила таъмин гашта, тамоми беморон аз табобати ройгон бархӯрдоранд. Метавон ин нуктаро махсус қайд намуд, ки сатҳи дастрасӣ ба табобати ройгони сил дар кишвар нисбати давлатҳои пешрафтаи Чин, Ҳиндустон ва Покистон ба андозаи назаррас беҳтар аст.

Мутаассифона, бо вуҷуди ин ҳама шароити муосир ҳанӯз ҳам пайомадҳои нохуши сил моро ҳар гоҳ дилреш мекунанд, ки яке ба сабаби танаффус дар табобат, пинҳон доштани беморӣ ба сабаби тарс аз доғгузориву табъиз, муроҷиати дери шахси бемор барои табобат ва дигар сабабҳои алоҳида рух медиҳад.

Мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои зиёди иттилоотию фарҳангӣ ҳанӯз ҳам масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ нисбати бемории сил ба таври комил ҳалли худро наёфтааст. Бино бар ақидаву тасаввуроти ғалати шаклгирифта “тамғанокӣ аз сил” (доғгузориву табъиз) дар ҷомеа ташвишовар аст, ки барои аз байн бурдани он чораҳои васеи иттилоотию фарҳангӣ тақозо мешавад. Дар ин самт ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа нақши муҳим дорад. Боиси таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам бисёре аз беморони сил ба сабаби паст будани дониши санитарӣ ё тарси доғгузорӣ бемории худро пинҳон дошта, боиси афзоиши сирояти дигарон мешаванд. Ё ки баъзе аз шахсони бемор монанди бародари қаҳрамони мо аз риояи қоидаҳои табобат ба ҳар далеле сарпечӣ мекунанд, ки ба хеле вазнин шудани вазъи саломатии худи онҳо, зарбаи равонӣ бар хонавода ва ҳатто фоҷеа оварда мерасонад. Ҳоло ҳам қисмате аз сокинони кишвар дар бораи бемории сил маълумоти зарурӣ надоранд ва ба ҳамин лиҳоз аз шахсони бемори сил фосила гирифта, фазои доғгузориро тавсеа медиҳанд. Воқеан, агар онҳо бидонанд, ки шахси бемори сил баъди як муддати кӯтоҳи табобат (на то анҷоми табобат) аллакай ғайрисироятнок аст ва метавонад баъди анҷоми табобат пурра шифо ёбад, дигар ба доғгузорӣ рӯй нахоҳанд овард.

Албатта, дар ин самт барои расидан ба ҳадафи барҳамдиҳии бемории сил дар кишвар танҳо фаъолияти дастаҷамъӣ самараи дилхоҳ медиҳад. Вақти он расида, ки тамоми қишрҳои ҷомеа, хосса мутахассисони соҳаи тандурустиву кормандони васоити ахбори омма, фарҳангиёну ҷомеашиносон ва ҳоказо сарҷамъона дар байни аҳолӣ корҳои иттилоотӣ-ташвиқотӣ баранд, то бемории сил қиёфаи нави мусбӣ бигирад ва дар ояндаи наздиктарин аз байн биравад.

ХУСРАВ Шоҳсаидов, рӯзноманигор

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 698
  • 1,242
  • 949,718