Май 28
13:42
2020
Ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави КОВИД-19 муассисаҳои тандурустии мамлакат бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин мегарданд.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки молу мавод ва таҷҳизоти тиббие, ки аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои алоҳида ба Тоҷикистон ворид мегарданд, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат дастрас карда мешаванд.
Бо мақсади таъмин намудани беморон бо маводҳои тиббӣ имрӯз, 28 майи соли равон аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маводҳои тиббӣ дастрас гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маводи тиббии лозима захира карда шуда, ба беморон тақсим карда мешаванд.