Сафари кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба вилояти Суғд

Сафари кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба вилояти Суғд
Октябр 19
15:57 2021

Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ, бо роҳбарии  хонум Мирья Чанна Шеблом, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои аз наздик шинос шудан бо рафти амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Дар аснои сафар, ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ бо шароити кору фаъолияти  муассисаҳоикумаки аввалияти тиббию санитарии ноҳияи Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар вилояти Суғд ба шумор меравад, шинос шуданд.

Ин ноҳия аз соли 2021 ба шумули ноҳияҳои таҷрибавӣ дохил шуда, аз руи механизми  маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) ба кор шуруъ кард.

Зимни сафар намояндагони  Бонки умумиҷаҳониро раиси ноҳияи  Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ба ҳузур пазируфта, аз дастгирии ин бонки бонуфузи ҷаҳонӣ ва таваҷҷуҳашон ба вазъи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия изҳори сипос намуд. Ҳамзамон раиси ноҳия зикр намуд, ки  бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ дар кишвар руз то руз беҳбудӣ ёфта истодааст. Ба истифода додани муассисаҳои нав, таъмиру таҷдиди муассисаҳои амалкунанда боиси дастгирист. Вале ҳамоно на дар ҳама муассисаҳо шароит барои кору хизматрасонии тиббӣ хубу мусоид аст.  Ба хусус дар деҳоти дурдаст, ки  то 30 км дур аз маркази ноҳия ҷойгиранд, шароит ба таври зарурӣ нест. Солҳо таъмир нашудани чанде аз марказҳои тиббӣ, кам будани бунгоҳҳои саломатӣ боиси нигаронист.

Ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои ҷавони вилоят буда, 30 000 гектар замини корам дорад. Бинобар ин муҳоҷирати дохилӣ дар ин ноҳия зиёд ба чашм мерасад. Танҳо дар зарфи 2 сол ба ноҳия 2000 нафар, 584 оила кучида омаданд. Аз ин ру дар ин маҳалҳои навбунёд зарурати  сохтани марказҳои нави саломатӣ ба миён омадааст.  Хуб мешуд  Бонки умумиҷаҳонӣ тавассути лоиҳаҳои инветитсионӣ сохтмони чанд марказ ё бунгоҳҳои саломатиро  ба зимма мегирифтанд.

Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ва масъулони лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” иброз доштанд, ки айни ҳол таъмиру  таҷдиди 4 маркази саломатӣ ва таъмини ин марказҳо бо таҷҳизоти тиббиву мебели махсус дар назар аст.

Гуруҳи корӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияти тиббию санитарии ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов аз наздик шинос шуданд. Боздид аз марказҳои саломатии Куруш дар ноҳияи Спитамен бори дигар собит сохт, ки муассисаҳое, ки  чанд сол қабл бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шуда буданд, то имруз мавриди истифода қарор дошта, дар ҳолати хеле хуб нигоҳ дошта шудаанд.

Ворид намудани интегратсияи механизми маблағгузории сариксӣ дар заминаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) яке аз нақшаҳои асосии Лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ буда, қарор аст дар ноҳияи Спитамен ба таври таҷрибавӣ ворид карда шавад. Ин масъала миёни масъулони соҳа, намояндагони раёсатҳои молия ва тандурустии вилояти Суғд, роҳбароияти лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва номояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маркази саломатии Гулакандоз истифодаи самараноки иловапулиҳо, аз ин ҳисоб  таъмири бино ва ҳуҷраҳои корӣ, хариди таҷҳизоти зарурии тиббӣ боиси баҳои баланди меҳмонон гардид. Воқеан дар ин  маркази саломатӣ  бори дигар собит сохтанд, ки маблағгузорӣ дар ин самт  самараноку  саривақтӣ хоҳад буд.

Марказҳои саломатии Париж комунна ва Меҳробод дар ноҳияи Ҷаббор Расулов намунаи муассисаҳои навест, ки аз ҷониби  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрсонии тиббӣ”, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин муассисаҳо дорои тамоми шароити корӣ, имкониятҳои хуби хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошанд. Сохтмони  Марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидани онҳо имкон додааст, ки кормандони тиб сари вақт ва бо сифати баланд ба аҳолӣ хизмат расонанд, аз вазъи саломатии онҳо бохабар бошанд ва  барои пешгирии бемориҳо, таъмини саривақтии иммунизатсия ва ташхису табоат мусоидат кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 866
  • 989
  • 887,231