Кӯлоб: Қабули сайёри сокинон аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат

Кӯлоб: Қабули сайёри сокинон аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат
Июн 14
16:08 2022

Бо мақсади суҳбати озоду ошкоро анҷом додан бо шаҳрвандон ва расидагӣ намудан ба масъалаву мушкилоти онҳо доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи зиҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии муовини вазир Абдухолиқ Амирзода иборат аз сармутахассисон, мутахассисон ва намояндагони хадамотҳои соҳавии пойтахт ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд.

Дар шӯъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба шарҳу навоҳии минтақаи Кӯлоб қабули сайёри сокинони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат  баргузор гардида, дар ҷараёни он муовини вазир ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тандурустӣ бо шаҳрвандон суҳбати озоду ошкоро анҷом доданд.

Баъд аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои эшон аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъулини раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, пас аз қабули сайёри сокинон мутахассисони соҳаҳои гуногуни тибби пойтахт бо табибони минтақаи Кӯлоб доир ба пешгирии бемориҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои табибони кишвар имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустӣ шароит ва имконоти мусоид муҳайё карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 966
  • 1,242
  • 949,986