Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор: Ҳадаф- тарбияи кадрҳои баландихтисос

Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор: Ҳадаф- тарбияи кадрҳои баландихтисос
Ноябр 26
10:23 2020

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 724 аз 16-уми июли соли 1986 ва Қарори кумитаи иҷроияи Советии депутатҳои халқии райони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 1986 дар заминаи филиали дар ноҳияи Ҳисор будаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №148 аз 3-юми марти соли 2014 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ҳисор ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор табдил дода шуд.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар асоси талаботи қонунҳои давлатӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор, Оиннома ва дастурамал ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки давоми соли ҷорӣ роҳбарияти коллеҷ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, 26-уми декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” устодон ва донишҷӯёни коллеҷи мазкур ба таври мустақим тамошо намуданд.

Инчунин, дар асоси Амри Раиси шаҳри Ҳисор аз 22.01.2020 таҳти №20 ва Фармоиши директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор аз 29.01.2020 таҳти №9 дар бораи таҷлили рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи мазкур гузаронидани шанбегиҳои умумӣ пайваста доир карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳамеша барои расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон, беморону барҷомондагон, бепарасторон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд дасти ёрӣ дароз намоем. Роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ин суханҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ корҳои хайриявии назаррасро ба анҷом мерасонад. Бо ин мақсад имсол низ тӯйи хайриявии 7 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардида, ба онҳо сарулибоси тӯёна ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Муассиса дар асоси оиннома ва талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона иштирок менамояд.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор шакли таҳсил рӯзона ва шабона ба роҳ монда шуда, айни замон дар коллеҷ 3 деканат, ва кафедраҳои «Фанҳои клиникӣ», «Момоӣ ва бемориҳои занона», «Фармакология ва фарматсия», «Фанҳои дақиқ», «Фанҳои гуманитарӣ», «Забонҳо» дар 4 бинои таълимӣ, 91 синфхона, 2 кабинети компютерӣ бо хатти интернет, 110 адад компютерҳои ҳозиразамон, китобхона бо хатти интернет ба компютерҳо васл шуда инчунин 25000 китобҳои дарсӣ, қироатхона бо 60 ҷои нишаст, 4 адад доскаҳои электронӣ, 2 ошхонаи донишҷӯён бо 30 ҷои нишаст, майдончаҳои варзишии аз намуди футбол, волейбол ва лабораторияи кимиёвӣ фаъолият менамоянд.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор шумораи умумии кормандон ва омӯзгорон ба 141 нафар расидааст, ки аз инҳо 128 нафар омӯзгори асосӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Кормандони техникӣ 13-нафар мебошанд, ки аз ин шумора 7-нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳад.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор омӯзгорон 29- нафар бо дараҷаи олӣ, 14 -нафар бо дараҷаи 1-ум ва 25-нафар бо  дараҷаи 2-юм кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Дар муассиса ихтисосҳои   2-790106 «Кори ҳамширагӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол, заминаи синфи 9 мӯҳлати таҳсил 4 (чор) сол, 2-790102 «Кори момодоягӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 4 (чор) сол, 2-790103 «Кори тиббию – профилактикӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол, 2-790104 «Кори тиббию – ташхисӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол ва 2-790108 «Кори фарматсевтӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол ва «кори дандонсозӣ» 0133  мутахассисони миёнаи касбӣ тайёр менамоянд.

Бо фармоиши директори коллеҷ таҳти №52 аз 4.05.2020 532 нафар донишҷӯён барои супоридани аттестатсияи хатм роҳ дода шудаанд, аз он ҷумла:

Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ”-358 нафар.

Ихтисоси “Кори момодоягӣ” -71 нафар.

Ихтисоси “Кори тиббию ташхисӣ”-18 нафар.

Ихтисоси “Кори тиббию профилактикӣ”-10 нафар.

Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” -75 нафар.

Бемории сироятии COVID-19, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, моро низ бетараф намондааст. Аз ин рӯ, дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2020, №14/5-691 ва мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз 11.06.2020, №1464/6-9 “Дар бораи талаботи нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сироятии коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудаанд ва корҳо дар ин самт дар сатҳи баланд идома доранд. Инчунин, ба Муассиса маводҳои зиддивирусӣ ва муҳофизатӣ ворид карда шуда, ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Базаҳои таълимӣ-таҷрибаомӯзии донишҷӯёни коллеҷи номбурда дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии шаҳр, Беморхонаи минтақавии №1-и шаҳр, Маркази саломатии шаҳр,  Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, Беморхонаи гушу гулӯ ва бинӣ, Беморхонаи касалиҳои пӯст ва зуҳравӣ, Таввалудхонаҳои марказӣ, деҳаҳои Қалъаи Ҳисор, Турдибобо ҷойгир аст ва инчунин дар асоси шартномаи тарафайн дар муассисаҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои шахсӣ таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассиса ба маъюбон ва ятимон имтиёзҳо дода шудааст ва бо мақсади ҳавасмандкунии донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавие, ки бо баҳои «хубу, аъло» таҳсил менамоянд, бо идрорпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор минбаъд низ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ равона хоҳад сохт.

Директори  Коллеҷи  тиббии

шаҳри  Ҳисор, д.и.т.   Азимов Г. Ҷ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 19
  • 801
  • 1,242
  • 949,821