Комиссияи Аврупо бадшавии ҳолати коронавирусро дар Аврупо пешгӯӣ менамояд

Комиссияи Аврупо бадшавии ҳолати коронавирусро дар Аврупо пешгӯӣ менамояд
Март 04
10:51 2020

Ҳукуматдорони  Иттиҳоди Аврупо хатари сирояти коронавирусро дар кишварҳои  аъзои иттиҳод аз сатҳи миёна то дараҷаи баланд  арзёбӣ кардаанд. Дар ин бора рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел роҳбари Комиссияи Аврупо  Урсула фон дер Ляйен хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. 

«Имрӯз агентии мо эълон намуд, ки хавфи сироят аз сатҳи миёна то  дараҷаи боло рафтааст» ,- гуфт ӯ.

Ба қавли  раиси Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ намудани паҳншавии вирус дар тамоми сатҳҳо  фаъолона чораҳои зарурӣ мебинад.

Вазъияти коронавирус  дар Аврупо бадтар хоҳад гашт, Комиссияи Аврупо вокуниши ҳамоҳангнамуда омода месозад.

Комиссияи Аврупо  дар мубориза алайҳи  коронавирус беш аз 230 миллион  евро  ҷудо намудааст ва  роҳҳои дигари ҷалби  маблағҳои иловагӣ  меҷӯяд.

Комиссияи Аврупо 2,1 ҳазор ҳолати  сирояти коронавирусро  дар 18 мамлакати Иттиҳоди Аврупо  ба қайд гирифтааст, ки аз ин  54 нафар ҷон бохтаанд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 6 март  ҷаласаи изтирории вазирони тандурустиро  барои баррасии муқовимат бо коронавирус  барпо хоҳад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 717
  • 1,242
  • 949,737