Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Технологияҳои муосир дар офталмология Тоҷикистон” (бо иштироки байналмилалӣ)

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Технологияҳои муосир дар офталмология Тоҷикистон” (бо иштироки байналмилалӣ)
Июн 13
10:39 2017

Узви биноӣ барои инсон муҳимтарин узвест, ки тавассути он дунёро мешиносад, зебоиро мебинад, равшаниро дарк мекунад ва барои ҳифзи ин  узви ҳаётан муҳим дар баробари ҳар як шахс ҳамчунин табибони ҳозиқ низ масъуланд. Табобату нигаҳдории биноӣ, бартараф кардани  нуқсонҳои пайдошуда, ҷароҳатҳои мухталиф ва ҳолатҳои садамавӣ бо иштироки бевоситаи  табибон сурат мегирад. Маҳз дар ҳамин самт табибони тоҷик низ  мекӯшанд ҳамқадами тибби муосир бошанд. Бо дастрасӣ ба  технологияи муосир имрӯзҳо кори  табибони офталмолог низ ба маротиб рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

“Технологияҳои муосир дар офталмологияи Тоҷикистон” (бо иштироки байналмилалӣ) –  чунин ном дошт ҳамоише, ки рӯзҳои 9 – 10 июни соли равон дар МД “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” доир гардид. Дар кори  конференсияи ҷумҳуриявӣ  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд, меҳмонон – мутахассисони варзидаи соҳаи  офталмология  аз кишварҳои хориҷ, роҳбарону масъулони муассисаҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, мутахассисони бемориҳои  чашм аз ҳама гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада буданд.

Дар ифтитоҳи конференсия вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зикр намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз соҳаи тандурустӣ дар ҳама самтҳо, аз он ҷумла дар самти офталмология рушд ёфта истодааст. Ворид намудани таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани  малакаву маҳорати касбии табибон имкон медиҳад то сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ боз ҳам баландтар карда шавад. Танҳо дар самти офталмология тӯли 25 соли охир  беш аз 20 санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ қабул гардидаанд.

Зимни баромади худ сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сафаралӣ Мирзоев марҳилаҳои рушди ҷарроҳии чашмро дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, зикр кард, ки дар даҳсолаи охир дастовардҳо ба хусус дар самти ҷарроҳии чашм назаррасанд.

Мушовири  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова  зимни баромади худ дар мавзӯи “Истифодаи технологияҳои инноватсионии муосир дар офталмолгияи тоҷик” аз ҷумла қайд намуд, ки рушди ҷарроҳии чашмро дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ метавон давраи истифодаи технологияҳои баландсифат номид, зеро дар ин самт истифодаи технологияи компютерӣ, имплантологияи муосир, ҷарроҳиҳои лазерӣ, пластикӣ ва бисёр намудҳои ҷарроҳиҳои  мураккаби дигар ба роҳ монда шуданд.

Дар идомаи кори конференсия 10 июн  дар МД “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” рӯзи машваратдиҳӣ ва муоинаи мутахассисони  бемориҳои чашм баргузор гадид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 737
  • 1,242
  • 949,757