Октябр 01
09:05
2024
Санаи 30-юми сентябри соли равон дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» дар мавзуи «Технологияҳои инноватсионии ташхис ва табобат дар беморхонаи бисёрсоҳавӣ» ба муносибати 60 – солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, роҳбарият ва доираи васеи кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Ғафур Муҳсинзода зимни баромади хеш нахуст роҳбарият ва кулли кормандони маркази номбурдаро ба муносибати ҷашни фархундаи 60-солагии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» табрику муборак бод намуда, ба онҳо дар иҷрои рисолати бар душ доштаашон барору муваффақият таманно кард.
Тавре таъкид гардид, маркази номбурда дар давоми фаъолияти худ ба як мактаби беназири тайёр кардани кадрҳо, олимон ва мутахассисони баландихтисос мубаддал гаштааст, ки бо дастовардҳои худ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ саҳми бузург дорад.
Дар ин замина, қайд гардид, ки тӯли ин 60 соли пурифтихор, марказ аз як муассисаи хурди барои кӯдакон махсусгардонидашуда ба як муассисаи бонуфузи бисёрсоҳаи тиб табдил ёфтааст.
Гуфта шуд, ки беморхона айни замон бо истифодаи васеи технологияҳои муосири ташхисӣ ва табобатӣ, аз қабили томографияи компютерӣ, МРТ, ултрасадоҳо, видеолапароскопия, фибробронхография ва усулҳои замонавии рақамӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дастраси марказ гаштааст, мутахассисони ин даргоҳ тавонистанд, ки бо хизмати софдилонаву содиқона обрӯву эътибори Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш”-ро ба ҳайси як маркази муътабар нигоҳ доранд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки беморхона айни замон бо кадрҳои баландихтисос таъмин буда, дар як шабонарӯзи фаъолият ба зиёда аз ҳазор нафар беморони ниёзманд кӯмаки баландихтисоси тиббӣ мерасонад, ки то 200-250 нафари онҳо бистарӣ шуда, ба 60 нафари онҳо амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.
Дар идомаи ҳамоиш аз тарафи иштирокчиён маърузаҳо пешниҳод гардонида шуда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва роҳбарияти Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ба як қатор табибони фаъоли муассисаи мазкур туҳфаҳои хотиравӣ нишони сарисинагии“Аълочии тандурустии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо тақим карда шуд.