Конфронси илмию оммавӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии гемофилия

Конфронси илмию оммавӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии гемофилия
Апрел 17
11:24 2023

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии гемофилия имрӯз, 17 апрел дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию оммавӣ баргузор гардид, ки дар он  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарият ва азъои ташкилоти Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсад аз таҷлили  ин рӯз ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо  ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар  6 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Дар конфронс гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Федератсияи ҷаҳонии гемофилҳо бори аввал гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд, ки гемофилҳои  дунё аз ин гуна шиноснома истифода мебаранд. Бартарияти ин шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба  беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кардан  маълумот дода шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 319
  • 989
  • 887,673