Корҳои илмию татқиқотӣ дар самти тавонбахшии маъюбон беҳтар мешаванд

Корҳои илмию татқиқотӣ дар самти тавонбахшии маъюбон беҳтар мешаванд
Декабр 15
14:59 2020

Муассисаи  давлатии  «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»  ба корҳои тадқиқотиву илмӣ, таҳияи фишурда ва мақолаҳои илмӣ, мустаҳкамсозии тавонбахшии маъюбон бо корҳои илман асоснокшуда ва амсоли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳаро ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ равона сохтааст.

Аз аввали сол то ин ҷониб олимон ва ходимони илмии муассиса 15 мақолаҳои илмӣ тарҳрезӣ намуда, барои нашр ба маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ ва маҷмӯаҳои илмии муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

Айни замон дар муассисаи мазкур 4 нафар унвонҷӯй ва 1 нафар докторант фаъолият намуда, мунтазам дар таҳлили вазъи кунунии корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар масоили усулҳои тавонбахшии маъюбон ва барқарорсозии қобилияти кории онҳо, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва ғайра мубодилаи таҷриба намуда истодаанд.

Соли ҷорӣ мавзӯи фармоишии “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” ба анҷом расонида шуда, ҳисоботи пурраи он тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда пас аз баррасӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассиса дар доираи мавзӯи фармоишии “Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” идома ёфт.

(Акс аз бойгонии moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 583
  • 1,242
  • 949,603