Вобаста ба татбиқи Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти самараноки ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавзӯи “Пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19” аз тарафи МД” Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони тибби муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ гузаронида шуд.
Ҳадаф аз ин чорабиниҳо омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби кормандони тиб ва омӯзгорон барои паҳн намудани маълумот доир ба пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ мебошад.
Инчунин, доир ба мавзуи мазкур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ бо ташкил намудани “Дукони саломатӣ” ва гузаронидани викторина байни аҳолӣ ва хонандагони мактаб ташкил гардиданд.