Кўдаконро ба мавсими сармо омода намоед

Кўдаконро ба мавсими сармо омода намоед
Октябр 30
07:55 2018

Мусоҳиба бо мудири бахши модару кўдаки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», духтури кўдакона Раҳматулло Шаъбонов

– Шумо имсол аз омўзиши курси махсус аз Федератсияи Россия гузашта омадед. Лутфан мегуфтед, ки мақсади курс аз чӣ иборат буд ва таассурот аз ин сафар чӣ гуна аст?

– Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҳарчанд навтаъсис бошад ҳам, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин аст, вале дар баъзе маврид истифодаи ин асбоб барои мо мушкилӣ эҷод мекунад, зеро истифодаи ин таҷҳизот дониш ва малакаи зиёд ва муосирро талаб менамояд. Аз ин рў, ба хотири боз ҳам бештар аз худ намудани тибби муосири ҷаҳонӣ ва истифодаи дуруст аз таҷҳизоти муосири тиббӣ мо як гурўҳ табибон барои омўзиш ба Федератсияи Россия, ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Варонеж сафар кардем.

Дар курс, ки аз 25-уми январ то 25-уми майи соли 2018 давом кард, паҳлўҳои гуногуни бемориҳои кўдакона, ба мисли наҷоти кўдакон, неонатология, бемориҳои эндокринологӣ, асаб ва умуман тамоми бахшҳои бемориҳои кўдакона омўхта шуданд.  Аз ҷумла, зимни омўзиш мо инчунин кўшиш намудем, ки тартибу низоми кории беморхонаҳои ин кишварро омўзем ва дар таҷрибаи хеш онро амалӣ намоем.

Чизи дигаре, ки мо мушоҳида намудем, ин аст, ки табибон доимо дар ҷустўйи роҳҳои нави табобат, ташхисгузорӣ ва истифода аз дастгоҳҳои муосир мебошанд. Баъди муоинаи беморон онҳо дар ҳуҷраи алоҳида ҷамъ шуда, байни ҳамдигар мубодилаи афкор оид ба мавзўи рўз мекунанд. Баъд аз ин ба шабакаи интернетӣ ворид гардида, андешаи олимон ва дигаронро оид ба он мавзўъ мутолиа менамоянд.

Дигар чизе, ки диққати моро ба худ ҷалб намуд, ин дар роҳ, дохили нақлиёти мусофиркаш ё ҷои дигар мардум ҳамеша тариқи телефонҳои ҳамроҳ дар омўзишанд. Вақте аз онҳо оид ба ҳар мавзўе, ки пурсон мешавед, маълумот доранд ва нуқтаи назари худро баён карда метавонанд.

– Албатта, Шумо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маъмурияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» таклифоти худро пешниҳод намудед!?

– Албатта, мо дар гузориши худ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чизҳоро қайд намудем. Вазорат низ худ аз ин масъалаҳо ба хубӣ огоҳ аст. Роҳбарияти маҷмааи тандурустӣ низ барои дуруст ба роҳ мондани низоми кории табибон талош менамояд, зеро ҳамарўза дар маҷлисҳои пагоҳирўзии роҳбарият оид ба низоми дурусти корӣ таъкидҳо мешаванд.

Яке аз дигар пешниҳодҳое, ки ман ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ намудам, ин зиёд кардани сафи кормандони ҷавон дар муассисаҳои тиббӣ мебошад, зеро ҷавонон, ки ҳанўз дар замони омўзиш қарор доранд, метавонанд тарзи дурусти низоми кориро тезтар аз худ намоянд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ хубтар кор кунанд.

– Ҳоло, ки мавсими сармо фаро расидааст, бемориҳои мавсими тирамоҳӣ, аз ҷумла, шамолхурӣ, зуком ва ҳатто зардпарвин низ дар миёни кўдакон ба чашм мерасад. Лутфан мегуф- тед, ки аслан сабаби асосии ин  бемориҳо дар чист ва барои пешгирии онҳо чӣ бояд кард?

– Пеш аз ҳама, бояд қайд намоям, ки волидайни мо ҳатто оддитарин қоидаҳои нигоҳубини кўдакро риоя намекунанд ва оид ба обутобдиҳии он аҳамият намедиҳанд. Аксарияти модаронро вақте мепурсем, ки чаро кўдакатонро барои сайругашт намебароред, мегўянд, ки фарзандам бемор мешавад. Бо баҳонаи касал шудан кўдакро оббозӣ намедоранд. Ҳатто либосҳои кўдакро бо баҳонаи вақт надоштан баъзе модарон иваз намекунанд, ки ҳамаи ин ангезандаҳои асосии бемориҳои мавсимӣ мебошанд. Ҳатто дар вақти табобат бисёре аз табибон ба ин чизҳо аҳамият намедиҳанд ва дар натиҷа, кўдак тез-тез ба бемориҳои мавсимӣ дучор мешавад.

Ба хотири кам намудани бемориҳои мавсимӣ ҳар як шахс бояд ба обутоб додани кўдак аҳамияти чиддӣ диҳад. Обутоб додани кўдак мувофиқи мавсими сол бояд роҳандозӣ карда шавад.Табибони минтақавӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ба мардум оид ба обутоб додани кўдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

– Дар шуъбаи бемориҳои кўдаконаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» асосан кадом намуди бемориҳои кўдакона табобат карда мешаванд?

– Агар қисми бемориҳои соматикии кўдаконаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»- ро ба назар гирем, бемориҳои гурда дар 40 кат фаъолият мекунад. Ба ғайр аз ин шуъбаи гемодиалез дар 4 кат фаъолият мекунад, ки ба гузаронидани диалези гурдавӣ машғул аст. Дар ин ҷо, шуъбаи бемориҳои системаи ҳозима, дилу раг ва тарбод, шуш, алергология ва иммунология, сироятёбии фарогирифта (семсис), асаб, эндокринология ва камвазнӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Инчунин шуъбаи модару кўдак ва наҷот фаъолият мекунад.

Дар ин қисм ба ғайр аз бемориҳои сироятӣ ва онкологӣ дигар ҳамаи намуди бемориҳои кўдакона табобат карда мешавад.

– Миқдори муроҷиат ба шуъбаи модару кўдак дар як моҳ чӣ қадар аст?

– Шуъба дар давоми фаъолияти хеш ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имрўз шуъба аз иқтидораш зиёд фаъолият намуда, бо сабабҳои муайян ба ҷои 14 кат бо 28 -30 кат ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ин ҳама бо дастгирии директори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аст, ки талаботи имрўзаи шаҳрро ба назар гирифта, катҳои шуъбаро зиёд намуданд. Дар навбати худ мо низ кўшиш менамоем, ки хизматрасонии босифатро ба мардум пешниҳод намоем.

– Лутфан дар бораи ғизои кўдакон, алалхусус кўдакони яксола суҳбат мекардед. Он бояд чӣ гуна бошад?

– Вақте дар ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино таҳсил мекардем, профессор Эрмен дар ҳар як лексияе, ки ба донишҷўён мехонд, як гуфторе аз бузургон, аз ҷумла аз Абўалӣ ибни Сино иқтибос меовард. Вақте дар мавзўи ғизо сўҳбат мекард, аз забони Абўалӣ ибни Сино мегуфт: «Тарбияи кўдак баъд аз таваллуд нест, тарбияи кўдак пеш аз ҳомиладорӣ аст ва ғизои кўдак пеш аз он оғоз мешавад». Ҳанўз дар даврони Абўалӣ ибни Сино ба ғизои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ дода мешудааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ низ ду барномаи худро оид ба ғизо бахшидааст.

Дар ҳар лаҳзаи даврони бармаҳали кўдакӣ агар тифл дар ғизохўрӣ камбудӣ бинад, он дар оянда барои солим ба воя расидани ў таъсири манфии худро мерасонад.

Дар ҷумҳурии мо ба масъалаи ғизои кўдакон дар оилаҳо диққати ҷиддӣ дода намешавад. Шояд ҳоло ҳам оилаҳои серфарзанд бошанд, ки дар таъмини ғизои солим мушкилӣ мекашанд, вале бояд ба ин масъала диққати чиддӣ дод. Дар оилаҳои мо дар як зарф ҳама таом истеъмол мекунанд. Ҳар касе чӣ қадаре имкон дорад, истеъмол менамояд, вале кўдакон қариб, ки хўрок истеъмол намекунанд ва ин боиси норасоии ғизо дар организми онҳо мегардад. Бояд ҳар як кўдак ҳангоми хўрдани ғизо зарфҳои алоҳидаи худро дошта бошад ва он ҳаҷми ғизое, ки ба ў вобаста ба сину солаш таъин карда мешавад, истеъмол кунад.

Инчунин, қисми зиёди мардуми мо, ки дар маҳалҳо зиндагӣ мекунанд, бештар ба кори хоҷагидорӣ машғуланд ва кўдакон ба зиммаи шахсони дигар вогузор карда мешаванд ва онҳо саривақт ва дуруст ба кўдакон хўрок намедиҳанд.

Ҳатто Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш аз қадпастии писарон ва носолимии модарон изҳори нигаронӣ карданд, ки ин ҳама аз синни бармаҳали кўдакӣ, аз нодуруст ба роҳ мондани ғизо сарчашма мегирад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ қайд менамояд, ки агар кўдак дар хурдӣ ғизои нодуруст истеъмол намояд, нисбатан қадаш паст мешавад. Бояд ғизои солиму гуногун дод, то кўдак ҳамчун шахси солим ва ҷисман ташакулёфта ба воя расад.

– Имрўзҳо бештари кўдакон ба боғчаҳо мераванд ва агар яке аз онҳо дар боғча бемор шуд, боқимондагон низ бемор мешаванд. Дар ин маврид чӣ бояд кард?

– Аксари модарон бояд худ мас- ъулият эҳсос намоянд, ки вақте кўдакашон бемор мешавад, ба кўдакистон набаранд. Аммо мутаассифона, имрўз модарони мо тифлони худро дар кадом ҳолате набошад, ба боғча месупоранд. Фикр намекунанд, ки рўзи дигар дар ҳамин ҳолат модари дигар кўдаки беморашро ба боғча месупорад. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар кўдакистонҳо пеш аз он ки кўдаконро қабул кунанд, онҳоро аз назорати тиббӣ мегузаронанд. Ин вазъ сафи беморонро дар боғчаҳо кам менамояд, аммо бемориҳои сироятиеро, ки ба воситаи ҳаво мегузаранд, пешгирӣ карда намешавад, чунки онҳо идоранашавандаанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кўдаконе, ки обутоб ёфтаанд, нисбатан кам бемор мешаванд ва ё бемориашон сабук мегузарад.

– Тибқи мушоҳида имрўзҳо бештари кўдакон бо фишорбаландии дохили косахонаи сар (внутричерепной давление) таваллуд мешаванд. Сабаби инро дар таваллуди зан медонанд ва бархе ба хотири пешгирӣ аз ин бурриши қайсарӣ мекунанд. Андешаи Шумо чист?

– Оид ба таваллудкунонӣ протоколҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавҷуд аст ва ин протоколҳо аз рўи таҷрибаи ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст. Буриши қайсарӣ имрўз зиёд нест. Ин амал аз рўи он нишондиҳандаҳое, ки дар зан вуҷуд дорад, гузаронида мешавад.  Аксарият бар он назаранд, ки вақте бурриши қайсарӣ мекунанд, кўдакон ба таъсири ҷисмонӣ камтар гирифтор мешаванд, ки ин хато аст. Гузаштани кўдак аз роҳҳои таваллуд ин ҳолати физиологии зан аст ва ин беморӣ нест, вале дар бисёре аз ҳолатҳо бурриши қайсарӣ ҷони модару кўдакро наҷот медиҳад. Ман аслан тарафдори бурриши қайсарӣ ҳастам. Вале вақте вазн ва ҳаҷми кўдак барои таваллуд мувофиқ аст, беҳтараш худи зан таваллуд кунад.

Сабаби бо фишорбаландии дохили косахонаи сар таваллуд шудани кўдакон ин гипердиагностика, яъне аз ҳад зиёд ташхис гузоштан аст. Масалан, ҳолатҳое вомехўрем, ки кўдак бемории сироятӣ дорад, ба назди духтури асаб рафтааст, ба ҳамаи ин ҳолат нигоҳ накарда, духтур диагнози фишорбаландии дохили косахонаи сарро мондааст ва ҳатто табобатҳо фармудааст. Бисёре аз кўдаконро баъди ин табобат оварданд, ки ҳолаташон вазнин буд.

Умуман, мардум ҳамаи кўдаконро фишорбаландии дохили косахонаи сар мегўянд, ҳоло он ки аз бемориҳои оддитарини кўдакон, аз ҷумла, бемориҳои рахит, камхунӣ, камвитаминӣ фаромўш мекунанд, ки агар ҳамаи инҳоро дуруст табобат кунанд, ташхисгузории бемориҳои фишорбаландии дохили косахонаи сар кам мешавад.

– Дар бораи таъсири бозичаҳои кўдакона ва хуришҳои гуногун ба саломатии кўдакон ва роҳҳои пешгирӣ аз он ба хонандагон маълумот медодед?

– Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳсулоти ғизои табиӣ камбудӣ надорад. Дар кишвари мо тамоми намуди маҳсулоти табиӣ мавҷуд аст. Беҳтараш, мардум кўшиш намоянд, ки аз мағоза барои кўдакони худ «колбаса»-ву «сосиска», «чипсӣ» ва ғайраҳоро нахаранд ва онҳоро фаромўш кунанд. Волидайн кўшиш намоянд, аз маҳсулоти табиие, ки мавҷуд аст, хўрок омода созанд.

Аксари бозичаҳои пластикӣ ба кўдакон зарар доранд. Бисёр хуб мешуд, ки волидайни мо бозичаҳои нархаш гаронтарро, ки аксар вақт сифаташ беҳтар аст, мувофиқи сину соли кўдак харидорӣ намоянд. Инчунин, ҳар як табиби минтақавиро зарур аст, ки на танҳо ба доруву сўзандору, балки ба хўрок, либос, тарзи нигоҳубин, чӣ гуна тарбия намудани кўдак ва бо кадом бозича бозӣ кардани онҳо ба волидон маслиҳат диҳанд.

– Ба модарони ҷавон дар мавсими сармо оид ба нигоҳубини кўдаконашон чӣ тавсияҳо медиҳед?

– Тавсия медиҳам, ки пеш аз он ки мавсими сармо фаро расад, кўдакони худро мутобиқи обу ҳаво обутоб диҳанд. Ба сайругашт бароранд, тез-тез оббозӣ доранд, либосҳояшонро зуд-зуд иваз намоянд ва онҳоро ба шарту шароити зиндагӣ омўхта намоянд. Дар ин ҳолат онҳо нисбатан камтар бемор мешаванд.

Инчунин, ба пўшонидани либосҳои мавсимии кўдакон диққати махсус диҳанд, бояд ҳар як либос ва ғизои кўдак мувофиқи мавсим бошад.

 

Мусоҳиб

Мазҳаб Ҷумъа

Хабарнигор

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 33
  • 400
  • 1,242
  • 949,420