“Аз байн бурдани бемории вараҷа аз ман оғоз мешавад”

“Аз байн бурдани бемории вараҷа аз ман оғоз мешавад”
Апрел 25
15:30 2019

Аз байн бурдани бемории вараҷа аз ман оғоз мешавадтаҳти чунин шиор имсол 25 апрелРӯзи байналмилалии мубориза бар зидди  бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳа дар мизи мудаввар, чорабиниҳо ва гузоришу барномаҳои телевизионию радиоӣ  гузаронида шуд. Ҳамасола бахшида ба ин сана дар аксар кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳои илмӣоммавӣ, нишастҳои матбуотӣ ва конференсияҳои илмиюамалӣ доир мегарданд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бемории мазкур дарак медиҳад.

Вобаста ба сабабҳои пайдоиши бемории вараҷа ва роҳҳои табобати он, вазъи ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои бемории мазкур бо корманди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ” Амруллои Фатҳулло  суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони азиз менамоем.

Сараввал мегуфтед, ки  вараҷа чӣ гуна беморист ва роҳҳои табобати он кадомҳоянд

-Вараҷа бемории сироятӣ ба ҳисоб рафта, тавассути  хомӯшакҳои  хунмаки вараҷаовар  паҳн мегардад.  Сироят дар ҷисми инсон ба масунияти шадид рӯ ба рӯ мешавад, ки таби баланд, ларзиш ва камхунӣ нишонаҳои он аст. Ҳарорати баланди бадан давра ба давра такрор меёбад.  Дар сурати заҳролудшавии босуръати ҷисм  эҳтимолияти марг аз хунравии луобпардаҳо, варами мағзи сар, варамҳои рӯдаю меъда, ҷигар ва гурдаҳо ба бемор таҳдид мекунад.

Воқеан, вараҷа барои инсон бемории хеле шадид ва хатарнок аст. Имрӯз дар ҳар  30 сония дар олам як нафар кӯдак аз ин беморӣ ҷон дода, теъдоди гирифторони ин беморӣ дар як сол то ба 200-300 миллион нафар мерасад. Бо назардошти ин, айни ҳол мубориза бар зидди бемории вараҷа барои соҳаи тандурустии аксар кишварҳои сайёра чун мушкилоти ҳалталаб баҳогузорӣ мегадад. Аз рӯи баҳодиҳии коршиносони Ташкилоти  Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ сатҳи беморӣ ва фавт аз бемории вараҷа дар кишварҳои қитъаҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ташкилот ва созмонҳои марбута ва дар умум кулли мардуми дунё баҳри рафъ намудани ин беморӣ ҳамасола 25 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки қабл аз ҳама бо мақсади табобати бемории вараҷа зидди хомӯшакҳо заҳрдору пошида, ҳавз ва кӯлмакҳо тоза карда мешаванд. Табиб бо назардошти навъи вараҷа, вазъи бемор ва дигар касолати бадан муносибати хоса дошта, доруи мушаххас интихоб менамояд. Дар сурати мутобиқ шудани плазмодиё-ангезандаи беморӣ ба ин ё он дору тарзи муолиҷаву истифодаи  даворо табиб  тағйир медиҳад.

Айни замон вазъи эпидемиологии бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Қобили зикр аст, ки ҳифз ва нигоҳдории комёбиҳои дар  самти элиминатсияи бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, аз фаъолияти пайвастаи зарурӣ дар татбиқи назорати эпидемиологии бемории вараҷа дар ҳамаи минтақаҳои аз вараҷа озодшуда вобаста мебошад. Инчунин, қобили зикр аст, ки дар кишвар “Нақшаи стратегии пешгирии хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023“ қабул гардида, айни замон баҳри дар амал татбиқ намудани он тамоми чораҳои зарурӣ рӯйи кор гирифта шудаанд.

Дар хусуси вазъи бемории вараҷа дар кишвар бисёр сухан нагуфта,  ба далелҳо рӯ меорем. Агар  соли 2008  317 нафар шаҳрвандони кишвар ба бемории вараҷа  гирифтор шуда бошанд,  соли 2018 ин нишондод то ба ҳадди 1 нафар поён омад, ки ин сироят хусусияти интиқолӣ дошта, маҳалли сирояти шаҳрванди хориҷӣ Ҷумҳурии Исломии Покистон  буд.

Тибқи таҳлили коршиносони соҳа, вазъи эпидемикии бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муътадил арзёбӣ мегардад. Зиёда аз ин, бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар мубориза бар зидди бемории вараҷа имрӯз ғолибият насиби мост. Ин пирӯзӣ бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи саривақтии барнома ва нақшаҳои марбут ба соҳа қабулгардида ба даст омадааст.

Ҳукумати мамлакат дар ташкил ва татбиқи якчанд нақша ва барномаи соҳавӣ барои пешгирии бемории вараҷа ба мо ҳамаҷониба кӯмак расонд. Аз ҷумла, дарёфти саривақтии интиқолдиҳандагони гирифторони бемории вараҷа ба роҳ монда шуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои ташхисӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Савияи дониш ва дараҷаи тахассусии табибону ташхисгарони бахши бемории вараҷа баланд бардошта шуда истодааст. Манбаъҳои асосии афзоиши хомӯшакҳои вараҷаовар кам гардид. Сатҳи маърифти тиббӣ ва дараҷаи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирии бемории вараҷа боло рафт, ки дар иҷрои ин иқдомҳои нек нақши чорабиниҳои тарғиботӣ, нишасту сӯҳбат ва баромадҳо тариқи воситаҳои ахбори омма хеле назаррас аст. Дар натиҷаи ин ҳама комёбиҳо ба соҳаи тандурустии кишвар муяссар гардид, ки сирояти вараҷаи маҳаллиро дар кишвар қатъ намояд.

Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи барҳамдиҳии вараҷаро гузашта, дар марҳилаи пешгирии аз навбарқароршавии паҳншавии он  қарор дорад. Иқдоми мазкур дар амалӣ гаштани барномаи Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ оид ба элиминатсияи бемории вараҷа ва саъю кӯшиш барои иҷрои ҳадафҳои «Рушди Ҳазорсола» низ назаррас аст.

Сомонаи иттилоотии Фергана 23 ноябри соли 2018 мақолаи Егор Петровро бо номи «Узбекистан больше не лихорадит. Многолетняя борьба с малярией подходит к концу»  нашр намуд. Дар мақолаи мазкур сухан дар мавриди он меравад, ки гӯё Агентии федералӣМаркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои назди Вазорати тандурустии ИМА  мусофиронеро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунанд, огоҳ месозад, ки аз газидани хомӯшакҳои вараҷаовар худро эҳтиёт намоянд. Ба назари шумо ҳушдори ин Агентӣ то куҷо ҳақиқат дошт?

-Албатта, мо аз ин мақола хуб огаҳӣ дорем ва онро ҳамон замон дар сатҳи муассиса мавриди баррасӣ қарор додем. Дар он инчунин таъкид гардида буд, ки “ҳарчанд хатари гирифторӣ ба вараҷа дар Тоҷикистон ночиз аст, ҳамоно дар қаламрави он аз газидани хомӯшакҳо  боэҳтиёт бошанд”. Бояд гуфт, ки далелҳои роҷеъ ба болоравии сатҳи сироятёбӣ ба бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар маќолаи мавриди назар омадааст, баҳсбарангезанд, вале мехоҳам сари ин масъала каме рӯшанӣ андозам. Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, сатҳи сироят ба вараҷа дар ноҳияҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то андозаи назаррас коҳиш ёфтааст.

Бармегардем сари он масъала, ки чаро мутахассисони амрикоӣ барои пешгирии сироят аз нешзании хомӯшакҳо ёддовар мешаванд. Мусаллам аст, ки хомӯшакҳои вараҷаовар  паҳнкунандаи  вараҷа маҳсуб мешаванд ва манбаъи бемории вараҷа бошад маҳз шахси бемор аст. Бидуни манбаъ, яъне инсон ва бе паҳнкунандаҳо- хомӯшакҳо бемории вараҷа вуҷуд дошта наметавонад. Хушбахтона, айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на манбаъи ин беморӣ ҳаст ва на ягон  маҳаллии хуруҷкунандаи он. Барои пешгирӣ мо ҳатто манбаъҳои эҳтимолии пайдоиши бемории вараҷаро безарар кардем. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» сарфи назар аз набудани манбаъи хурӯҷи бемории вараҷа соли 2018 дар масоҳати  3306529 м2-и ноҳияҳои бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад заҳрдору пошид. Ҳамчунин, дар ин давра зиёда аз 232000 намунаи хун аз шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шуда, бо усули микроскопӣ ва экспресс-тестӣ ташхис гардид.

Пас, яке аз бахшҳои муҳими мубориза бар зидди бемории вараҷа дар қаламрави кишвар  нест ва нобуд кардани манбаъи хомӯшакҳо аст?    

-Агар саҳеҳтар бигӯем, на ҳама ҳомӯшакҳо, балки танҳо хомӯшакҳои вараҷаовар. Дар ҷаҳон 60 намуди барангезандаи бемории вараҷа, ки плазмодиум (Plasmodium) ном доранд ва ба гурӯҳи соддатаринҳо (якҳуҷайраҳо) шомиланд, маълум мебошанд, ки дар кишвари мо танҳо 4 навъи он мушоҳида гардидааст.

Тавре зикр намудем, вараҷа бемории сироятиест, ки аксаран ба воситаи   хомӯшакҳо  интиқол  меёбад.  Ҳангоми  неш задани хомӯшак дар ҷисми инсон плазмодия-ангалҳои беморӣҳуҷайраҳои сурхи хун вайрон мешаванд, ки ин омил боиси заҳролудшавии шадиди бадан мегардад. Аз ин бармеояд, ки  марговартарин  ҷонвари  рӯи дунё на  мор ҳасту на тортанаки заҳрдор, на шер ҳасту на наҳанг, балки ҳамин ҳомӯшакҳои хунмак мебошанд, ки бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории вараҷаро бештар паҳн мекунанд. Ҷолиби диққат аст, ки худи  ҳомилони сироят, яъне хомӯшакҳо аз бемории вараҷа заррае  азият намекашанд ва сироят ба онҳоҳеҷ таъсире намерасонад. Хомӯшакҳо дар ҷисми худ ҳиссачаҳои сурхи хун, ки онҳоро  ангезандаҳои бемории вараҷа вайрон мекунанд, надоранд. Нақши  хунро дар онҳо  гемоситҳо-моеъи беранг иҷро мекунад, ки вараҷа нисбати онҳо ба қавле«бетафовут» аст. Бинобар ин, беҳиссачаҳои сурхи хун бемории вараҷа имкони дар бадан паҳншавиро надорад ва бо ин сабаб хусусияти сироятии худро гум мекунад. Ҳангоме, ки хомӯшаки вараҷаовар инсонро мегазад, пас аз чанд лаҳза микробҳои беморӣ ба воситаи хун ба ҷигарва ба ҳуҷайраҳои сурхи хун мепайванданд.

Ташаккур барои суҳбат!

-Саломат бошед!

  Суҳбаторо:   Хусрав Шоҳсаидов

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 927
  • 1,185
  • 875,049