Кумитаи андоз ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расонид

Кумитаи андоз ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расонид
Сентябр 12
10:32 2020

Бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расониданд.

Кумитаи андоз  сарпарастии Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ»-ро ба уҳда дошта, роҳбарияти он дар арафаи ҳар ҷашн ба ин муассиса пайваста ёрӣ  мерасонад. Онҳо ин навбат барои бошандагони муассисаи мазкур дастурхони идона кушода, ба онҳо либосу дигар ашёи зарурӣ тақдим карданд.

Тавре корманди Кумитаи андоз Акбар Ҳалимхонов иттилоъ дод, «мо  ҳамасола  ба Муассисаи  давлатии «Хона- интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расонида, аз аҳволи бошандагони  он хабардор мешавем. Дар оянда низ тасмим гирифтаем, ки онҳоро бо либос ва маводи хӯрокӣ таъмин намоем, чунки онҳо ба кумак бештар ниёз доранд».

Дар муассисаи мазкур 240 нафар беморон табобат мегиранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани шароити буду бош ва саломатии онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Айни замон биноҳои муассиса таъмир карда шуда, бо рахти хобу дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 81
  • 989
  • 887,435