“Лаъл” барои болидагии кӯдакон

“Лаъл” барои болидагии кӯдакон
Май 29
13:50 2019

Бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад, дар “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон”-и ноҳияи Варзоб чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким  Холзода иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки шаби 30 апрели соли равон 84 нафар кдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон”-и ноҳияи Варзоб оварда шуданд.

Барои болидарҳии кӯдакони ин осоишгоҳ рӯзи 15 майи соли 2019 аз ҷониби гурҳи рақсии «Падида» консерти хайриявӣ доир карда шуда, ин иқдом 27 майи соли ҷорӣ ба ифтихори “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” бо иштироки гурҳи  рақсии “Лаъл” идома дода шуд.

Дар ин рӯз дастархони идонаи кӯдакон бо анвои хӯрокворӣ, меваҳои тару тоза ва шириниҳои гуногун оро дода шуда, барои онҳо дастархони идона бо пешниҳод намудани хӯрокҳои гуногун ташкил карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо кӯмак ва дастгирии ашхоси саховатманд барои кӯдакони номбурда харидорӣ ва дастрас намудани ҳаргуна бозичаҳо, либосҳо ва маводи хӯрокворӣ идома дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ фаро гирифтани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Қайд намудан зарур аст, ки кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда баъд аз гузаштани ташхис ва муоинаи тиббӣ бо либоси зарурӣ ва маводи гигиенӣ таъмин гардида, вобаста ба вазъи саломатӣ, мансубияти хешутаборӣ ва ҷинсиашон дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир гардида, ба хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ фаро гирифта шуданд.

Барои ин кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо рахти хоби кӯдакона, гармкунаки барқӣ, бозичаҳо  ва дигар маводҳои маишӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла барои тамошои бозиҳои кӯдакона 56 адад планшет харидорӣ ва ба онҳо тақсим карда шуд.

Ба Ватан баргардонидани кӯдаконе, ки волидонашон дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия иштирок намудаанд, намунаи олии хислати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо ин амали инсонпарварона Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барояшон азиз ва муқаддас аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 18
  • 816
  • 1,242
  • 949,836