ЛОИҲАИ «МИЛЛАТИ СОЛИМ». Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд

ЛОИҲАИ «МИЛЛАТИ СОЛИМ». Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд
Феврал 17
17:00 2023

Лоиҳаи «Миллати солим» дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия карда шудааст. Ҳадафи он баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони мамлакат мебошад. Ин нукта зимни вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаи амалишавии лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озим Севимли  баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии он дар мамлакат якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Ҳамзамон дар толори Маҷлиси намояндагон рӯнамоии лоиҳаи «Миллати солим» дар Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардида, иброз дошта шуд,  ки ҳоло лоиҳаи нави «Таҷрибаи глобалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва аҳолӣ» – лоиҳаи «Миллати солим» дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад.

Ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонии ёрии аввалини тиббию  санитарӣ дар минтақаҳои интихобшуда ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ мебошад.

Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иштирок намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714