“Харангон”: 63 нафар шаҳрвандони дар карантин қарордошта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

“Харангон”: 63 нафар шаҳрвандони дар карантин қарордошта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд
Феврал 26
12:09 2020

63 нафар шаҳрвандоне, ки дар  Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб дар ҳолати карантинӣ қарор доштанд, субҳи имрӯз ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Аз ин шумора 46 нафар донишҷӯён ва 17 нафар кормандони ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мебошанд, ки барои интиқол додани донишҷӯён ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардида буданд.

Тавре Турахон Шарифзода, номзади илмҳои тиб, духтури сироятшинос, муовини Сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ  ба мо гуфт, тӯли ин муддат бо бистаришудагон ҳароратсанҷӣ, муоинаи тиббӣ гузаронида шуд: “Дар миёни онҳо ягон намуд аломатҳои бемории зукоммонанд ба қайд гирифта нашудааст. Баъд аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан, онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”,-афзуд ӯ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 24 феврали соли равон 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1 феврал аз Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то ба санаи 26 феврал 955  нафар аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, ҳамзамон, айни ҳол 193 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 100
  • 989
  • 887,454