Маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ ва Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мавриди омӯзиш қарор гирифт

Маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ ва Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мавриди омӯзиш қарор гирифт
Август 29
12:56 2018

Субҳи имрӯз дар толори Аржанги «Кори Наврӯз» таҳти мавзӯи “Беҳтар намудани банақшагирӣ ва идоракунии Барномаи миллии ҳимоя аз бемории сил бо назардошти хизматрасонӣ ба бемории сил равонагардида” мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза ба бемории сил ташкил гардид.
Рафти баргузории чорабинии мазкурро Одиназода Азиз Абдусаттор, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намуда, дар кори он Дилором Содиқова, мушовири вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъулони идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни суханронии хеш Одиназода Азиз Абдусаттор вобаста ба татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муфассал суханронӣ намуд. Сохтори меъёри-ҳуқуқии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Комёбиҳои лоиҳаҳои хазинаи глобалӣ дар амалисозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз мавзӯъҳои аслие буданд, ки дар кори мизи мудаввар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ таҳти мавзуоти “Маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ ва Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, “Натиҷаҳои баҳодиҳии хароҷот барои гузаронидани чорабиниҳои зиддисилӣ сарфшуда, тавсияҳо ва нақшаҳои оянда” маърӯзаҳо шунида шуда, мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 677
  • 1,242
  • 949,697