Маблағгузории дуюми иловагии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ба имзо расид

Маблағгузории дуюми иловагии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ба имзо расид
Ноябр 19
12:29 2020

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, инчунин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба маблағгузории дуюми иловагии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ба имзо расонида шуд.

Созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷаноби Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи болозикр 12,0 млн доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки 10,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) маблағгузорӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи амалисозии  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”  мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои  таҷрибавии он мебошад.

Маблағгузории дуюми иловагӣ бо мақсади таъмини устувории лоиҳаи болозикр, аз ҷумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ, харидории тачҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои болозикр ва пардохти кумакпулӣ ба мутахассисон дар асоси натиҷаҳои фаъолият пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ миқдори умумии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз 10 адад то 16 адад зиёд гардида, дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ корҳои таъмирӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анҷом дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон, харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ барои муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои нави таҷрибавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бо дарназардошти маблағгузории  дуюми иловагӣ, маблағи умумии Лоиҳаи мазкур 45,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки қисми асосии он аз инфрасохтори тиббӣ ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки татбиқи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” соли 2014 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 737
  • 1,242
  • 949,757