Имрӯз, 2 августи соли равон зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 69 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 76 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 2 август дар кишвар 15219 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14705 нафар (96,6%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 121 нафар фавтидаанд.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.