Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 51,1% иҷро гардид

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 51,1% иҷро гардид
Ноябр 27
15:57 2021

Шумораи мақсадноки аҳолӣ, ки дар Тоҷикистон бояд бо ваксинатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шаванд, 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар мебошанд, ки аз ин  шумора то санаи 27 ноябри соли равон 2 миллиону 977 ҳазору 282 нафар (51,1%)  шаҳрвандони мамлакат  бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат  2 миллиону 578 ҳазор нафар (43,3%) гирифтаанд.

Боиси хушнудист, ки шумораи мақсадноки аҳолӣ дар  пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо вояҳои якум ва дуюм пурра ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тавр, то ба ҳолати 26 ноябри соли равон аз рӯи шумораи мақсадноки аҳолӣ дар вилояти Хатлон 45,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 37,5%, вилояти Суғд  43,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм  34,2%, ВМКБ 67,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 64,9%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 43,0% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 36,9% шаҳрвандон бо ваксинатсия зидди бемории COVID-19  фаро гирифта шудаанд.

Мутаассифона, дар кишвар бархе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки дар самти иҷроиши нақшаи бо ваксинатсия зидди сирояти коронавирус фаро гирифтани шаҳрвандон  нишондоди  хуб надоранд.

Махсусан, дар миёни вилоятҳо вилояти Суғд дар самти иҷроиши нақшаи мазкур аз рӯйи фоиз дар сатҳи поён қарор дорад.

Инчунин, иҷроиши нақшаи бо иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандон аз рӯи шумораи мақсадноки аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Рашт, Нуробод, Рӯдакӣ, Кушониён, Вахш, Ҷамолиддин Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ ва  Масчоҳ дар сатҳи паст қарор дорад.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват ба амал меорад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки аҳолии кишварро метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди  COVID-19 шумор меравад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 741
  • 1,242
  • 949,761