Марказҳои саломатӣ дар ноҳияи Файзобод – тӯҳфа ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Марказҳои саломатӣ дар ноҳияи Файзобод  – тӯҳфа ба ҷашни Ваҳдати миллӣ
Июн 26
11:45 2019

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ду маркази саломатии деҳот дар ноҳияи Файзобод мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин муассисаҳои замонавӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва мебели махсус ҷиҳозонида шуданд.

Дар маросими ба истифода додани Марказҳои саломатии Дубеда  ва  Орифон  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, масъулони Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода  ва масъулони тандурустии ноҳияи мазкур ширкат доштанд.

Ин марказҳои саломатӣ тибқи  нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошад.

Акнун ин ду Маркази саломатӣ дар ноҳияи Файзобод ба наздики 10 000 нафар аҳолии деҳаҳои  Дубеда, Карсанг, Орифон, Мискинобод хизмати босифати тиббию санитарӣ мерасонад.

Корҳои сохтмонӣ дар  Маркази саломатии Дубеда ба маблағи 1 370 240,38 сомонӣ ва дар Маркази сломатии Орифон ба маблағи 1 629 275, 93 сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ин ду Маркази саломатӣ 85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 305306,08 сомонӣ  ва, 24 намуди мебели тиббӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар ба маблағи  213090,76 сомонӣ , занҷираи хунукидиҳӣ ба маблағи 81132, 00 сомнӣ ва генератор ба маблағи  66 660, сомонӣ харидорӣ ва пешниҳод шудааст, ки  барои кори хуби табибон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин ба марказҳо ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия аз ҷониби Лоиҳа таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои истифодаи табибон ва кормандони миёнаи тиб ба маблағи 1751571,78  сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 292
  • 1,242
  • 949,312