Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоб соҳиби клиникаи мобилӣ гардид (АКС)

<span class="dojodigital_toggle_title">Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоб соҳиби клиникаи мобилӣ гардид  (АКС)</span>
Декабр 02
12:07 2019

Дар  меҳмонхонаи “Истиқлол” оид ба натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологии сирояти ВНМО  дар байни гурӯҳҳои дорои хатари баланди сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2018 гузаронида шуда буд, конфронс баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” оид ба масъалаҳои эпидемиологӣ, мушовири Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЭЙДС), директорону мутахассисон аз марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шарикон оид ба рушд ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Дар конфронси мазкур масъалаҳои зерин: ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, натиҷаҳои баҳодиҳии шумораи тақрибии нашъамандони тазриқӣ ва шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ, натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охири конфронс саволу ҷавоб ва муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти мазкур доир шуд. Аз ҷониби иштирокчиёни конфронс қайд карда шуд, ки натиҷаҳои тадқиқоти мазкур барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти пешгирии ВНМО/БПНМ дар ҷумҳурӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда дар ин самт хеле муҳим мебошанд.

Инчунин, дар назди ҳавлии меҳмонхонаи “Истиқлол” маросими супоридани расмии клиникаи мобилӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кӯмак дода шуд, баргузор гардид.

Клиникаи мазкур ҳамчун кӯмак дар доираи ҳамкориҳои Барномаи Федератсияи Россия оид ба кўмаки техникӣ ба давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ супорида шуд. Дар маросими супоридани клиникаи мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, мувини вазир Мирҳамуддин Камолзода,  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Игор Лякин- Фролов, муовини Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” оид ба масъалаҳои эпидемиологӣ, Мушовири ЮНЭЙДС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози Хазинаи СПИД Инфосвязи Федератсияи Россия, директорону мутахассисон аз марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ 3 адад клиникаҳои мобилӣ (дар назди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории  ВНМО, дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и вилояти Суғд ва дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и вилояти Хатлон) фаъолият мебурданд. Клиникаи мобилии 4-ум ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон супорида шуд. Дар доираи фаъолияти худ клиникаҳои мобилӣ ба шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳотҳои дурдаст ташриф оварда, ба аҳолӣ, хусусан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо хизматрасониҳои ройгони тиббӣ мерасонанд. Хоҳишмандонро аз ташхиси ВНМО, гепатитҳои вирусии В, С ва оташак мегузаронанд. Инчунин, ба ҳамаи ташхисшудагон ба таврӣ ҳатмӣ машварати пеш ва баъди тестӣ вобаста ба сирояти ВНМО пешкаш карда мешавад. Инчунин, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо маводҳои таълимию иттилоотӣ ва пешгирикунанда тақсим карда хоҳад шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939