«Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» яке аз дастовардҳои соҳаи тибби кишвар аст.

«Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» яке аз дастовардҳои соҳаи тибби кишвар аст.
Июн 06
10:33 2017

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ гардонидани хизматрасонии соҳаи тибби кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо  кушиш ва заҳматҳои давлату ҳукумати кишвар давра ба давра дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ  дигаргуниҳои куллӣ ба миён меояд. Ба фаъолият шуруъ намудани марказҳои саломативу тандурустӣ, ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муоссир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ ва омода намудани мутахасисони соҳавӣ тадбирҳои амалии давлату ҳукумат дар ин самт дониста мешавад. Ба фаъолият шурӯъ намудани МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» дар пойтахти кишвар, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар назди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд, ба пешрафти соҳаи тиб такони ҷиддӣ ба миён гузошт. Мақсади асосии ташкили МД «Маркази Ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ», ин коҳиш додани яке аз нишондиҳандаҳои демографӣ – фавти перинаталӣ аз ҳисоби нуқсонҳои дохилибатнии тифл ва бемориҳои гению хромосомӣ мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки насб гардидани дастгоҳҳои муосири соҳавӣ дар МД «Маркази Ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» имкони дар дохили кишвар муаяйн намудани навъҳои гуногуни маризиҳои генетикиро фароҳам овард. Ин дар ҳолест, ки  таи солҳои зиёд  бо сабаби набудани чунин техникаву таҷҳизоти замонавӣ маризон ҷиҳати муаянсозии бемориҳои генетикӣ, муайян намудани  нуқсонҳои дохилибатнӣ, сабабҳои ба дунё омадани тифлони носолим ва пешгирии онҳо, муайян намудани безурётии мардон ва муайян намудани падарӣ ба хориҷи кишвар роҳсипор мегардиданд. Вале бо ворид гардидани  таҷҳизоти зарурии соҳавӣ ба «Маркази Ҷумхуриявии тиббию-генетикӣ» чунин мушкилот аз байн рафта дар қатори пешбурди соҳаи тибби кишвар «Маркази Ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» зарурати ба хориҷи кишвар сафар намудани маризонро аз байн бурд. Имрӯз ин Марказ имкони қабулу муайян намудани кулли ин нуқсонҳоро дошта, барои қабули ниёзмандон аз тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ ва давлатҳои ҳамсоя омода аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 26
  • 763
  • 1,242
  • 949,783