Масъалаҳои қабул, ташхис ва муолиҷаи шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшаванда баррасӣ шуд

Масъалаҳои қабул, ташхис ва муолиҷаи шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшаванда баррасӣ шуд
Июл 09
09:34 2020

8 июли соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷиҳати қабул, ташхис ва ба муолиҷа фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодабошии  муассисаҳои тандурустӣ барои қабули шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мешаванд, инчунин, тартиби қабул, муоина ва ташхису табобати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар саҳти зарурӣ қабул ва ба ташхису муоина фаро гирифтани шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшаванда тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳамаи он шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҷиҳати муайян намудани нишонаҳои бемории COVID-19 аз ташхиси тестӣ гузаронида мешаванд. Шаҳрвандоне, ки натиҷаҳои ташхиси тестии онҳо манфӣ мебарояд, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда,  нафароне, ки натиҷаи ташхиси тестии онҳо мусбӣ  аст, ба муолиҷа фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735