“Масъалаҳои мубрами муҳофизати солимии модар ва кӯдак: Коронавирус ва солимии репродуктивии занон”

“Масъалаҳои мубрами муҳофизати солимии модар ва кӯдак: Коронавирус ва солимии репродуктивии занон”
Ноябр 11
15:21 2021

Имрӯз, 11 ноябри соли равон дар  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами муҳофизати солимии модар ва кӯдак: Коронавирус ва солимии репродуктивии занон” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳ, роҳбарони як қатор таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст директори  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон Гулҷаҳон Давлатзода конфронсро ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода дод.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ёдовар шуда, аз ҷумла қайд кард, ки давоми солҳои охир баҳри таъмини солимии модарон ва кӯдакон дар кишвар корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки новобаста аз пайдоиши пандемияи COVID-19 хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон низ дар мамлакат хуб ба роҳ монда шуда,  дар ин самт чораҳои муҳиму саривақтӣ андешида шуданд.

Дар идомаи конфронс як қатор мутахассисон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳа баромад намуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”  гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дар пажӯҳишгоҳ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 640
  • 1,242
  • 949,660