Машғулиятҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани дониши мутахассисон дар самти баргузории маъракаи иммунизатсия зидди бемории COVID-19

Машғулиятҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани дониши мутахассисон дар самти баргузории маъракаи иммунизатсия зидди бемории COVID-19
Ноябр 09
10:42 2021

Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба ташкил ва бо муваффақият гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус ва такмил додани усулҳои муоширати байнифардӣ дар рафти баргузории чорабинии мазкур аз 25 октябр то 13 ноябри соли равон машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба ваксинаҳои зидди сирояти коронавирус, ки аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ)  барои истифодабарӣ  дар ҳолатҳои фавқулодда тавсия дода шудаанд ва барои баланд бардоштани сатҳи малакаҳои муоширафти байнифардӣ дар рафти баргузории чорабинии иммунизатсионӣ байни табибони муолиҷавӣ, асабшинос, сироятшинос, пулмонолог, аллерголог, гематолог, оилавӣ ва кардиологҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардида, дар рафти онҳо аз ҷониби тренерони миллӣ ба мутахассисони соҳа доир ба хусусият, нигоҳдорӣ, интиқол, чораҳои эҳтиётӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ваксинаҳои зидди бемории коронавирус маълумот пешниҳод карда мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои  баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ-ин пеш аз ҳама боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи мутахассисони соҳа дар самти  пурзӯр намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар миёни сокинони кишвар мебошад.

Пас аз анҷоми машғулиятҳои омӯзишӣ ба ҳар як иштирокчиён Шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 35
  • 534
  • 1,242
  • 949,554